Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭСТЕТИКА

ЭСТЕТИКА

ЭСТЕТИКА (аз юн. aisthetikos — ҳиссӣ, ҳискунанда), як соҳаи фалсафаро гуянд, ки қонунҳои умумии дарки эстетикии табиат, ҷамъият ва фаъолияти бадеии одамонро меомузад. Одамон зимни фаъолпяти меҳнатиашон категорияю қонунҳои эстетикиро дарк карда, табиату ҷамъиятро «мувофиқи қонунҳои зебоӣ дигар мекунанд. Категорияҳои Э. умумӣ ва махсус мешаванд. Категорияҳои умумии Э. (ҳусну қубҳ, шукуҳ, разили, фоҷиаю мазҳака, мутаносибу номутаносиб ва ғ.) ҳам ба табиату ҷамъият ва ҳам ба фаъолияти гуногуни одамон хосанд. Категорияҳои махсус (образи бадеӣ, методи бадеӣ, халқият, синфият, партиявият, анъана, навоварӣ ва ғ.) танҳо ба фаъолияти бадеӣ (санъат) мутаалиқанд. Э. ҳамчун назарияи умумии фаъолияти бадеӣ аз назарияи махсуси инё он намуди санъат (адабиётшиносӣ, санъатшиносӣ, театршиносӣ, мусиқишиносӣ, киношиносӣ ва ғ.) фарқ мекунад. Э. бо этика, педагогика, психология, семиотика ва ғ. алоқаманд аст.

Мафҳуми «Э.»-ро ҳамчун истилоҳи илмӣ бори аввал файласуфи рационалист, идеалисти немис А. Баумгартен (1741—62) баробари истилоҳи этика ва мантиқ истифода намуда, онро қисми мустақили фалсафа пиндоштааст. Ҳамчун таълимот Э. дар мамлакатҳои Шарқи Қадим (Ҳиндустон, Эрон, Хитой, Миср, Бобулистон) ба вуҷуд омад.

Таълимоти эстетикӣ дар Юнони Қадим дар афкори фалсафию эстетикии Суқрот, Афлотун, Арасту, Плотин ва диг. нисбатан равшавтар зоҳир шуда, ҷанбаи эстетикии офариниши олам ба миён гузошта шуд. Бино ба ақидаи муҳаққиқи машҳури советӣ А. Ф. Лосев дар афкори Фалсафии мутафаккирони Юнони Қадим, махсусан Плотин масъалаи ҳусн ва офариниш ба вуҷуд омад, ки минбаъд ҳам ба ташаккули таълимоти эстетикии мутафаккирони Шарқи Миёна ва Наздик ва ҳам ба инкишофи афкори эстетикии давраи Эҳьё таъсири зиёд расонд.

Дар Ғapб дар асрҳои миёна Э.-и масеҳӣ нуфуз пайдо кард. Дар давраи Эҳьё Э. аз таъсири дин озод шуда, принципҳои гуманистию реалистиро тарғиб намуд. Масъалаҳои асосии Э. дар асарҳои рассомони бузург (Альберти, Леонардо да Винчи, Альбрехт Дюрер ва диг.) ба таври муфассал таҳлил карда шуданд.

Дар мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Назик дар ин давра масъалаи Э. вобаста ба масъалаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ, динӣ, адабиётшиносӣ тадқиқ шудааст. Дар осори мутафаккирони форс-тоҷик Рудакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Ғазолӣ, Носири Хисрав, Ҳофиз, Ҷомӣ ва диг. масъалаҳои мухталифи эстетикӣ мушоҳида мешаванд. Ҷиҳатҳои гуногуни назарияи Э. дар равияю ҷараёнҳои сершумори динию фалсафӣ ва ирфонӣ аз қабили исмоилия, тасаввуф, машшоия ва ғ. бараъло ба назар мерасад.

Дар а. 18 Э. ба қисмати мустақили фалсафа табдил ёфт. Намояндагони бузурги фалсафаи классикии немис (И. Кант, И. Г. Гердер, Ф. Шиллер, И. В. Гёте, Ф. В. Шеллинг, Г. В. Ф. Гегель) Э.-ро илми фалсафӣ дар бораи санъат донистаанд. Махсусан Кант ва Гегель ба масъалаҳои эстетикӣ диққати ҷиддӣ дода, қонуниятҳои тараққиёти санъатро оқилона таҳлилу тадқиқ кардаанд. Гегель мавҷудияти зебоиро дар табиат инкор карда, онро танҳо хоси нафиса шуморид. У таълимоти бузурги эстетикиро тартиб дода, таҳлили назариро аз ҷиҳати таърихӣ ба фаъолияти бадеии одамон, ба инкишоф ва мақоми онҳо дар тамаддуни башарӣ вобаста донист. Революционерони демократи рус В. Г. Белинский, А. И. Герцен, Н. А. Добролюбов, Н. Г. Чернышевский санъатро ҳамчун инъикоси образноки воқеияти бадеӣ таҳқиқ намуданд.

Э.-и марксистӣ дар фаҳмиши эстетикии масъалаҳои Э.-н табиат, ҷамъият ва фаъолияти бадеии инсон дигаргунии куллӣ ба амал овард. Он дар заминаи материалиаии диалектикӣ ва таърихӣ хусусияти ҷамъиятию таърихии ҳодисаҳо ва фаъолияти бадеиро ба назар гирифта, назарияҳои муҳимми реализм, халқият ва партиявияти санъатро асоснок кард.

Э. дар замони социализми мутараққӣ тамоми соҳаҳои фаъолияти инсониро дар бар мегирад. Аз ин ру, бисьёр соҳаҳои нисбатан мустақили илмии Э. аз қабили Э.-и истеҳсолӣ, Э.-и меҳнат, Э.-и техника, Э.-и ҳаёти маишӣ ва ғ. ба вуҷуд омадаанд.

А. Қурбонмамадов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …