Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭРКАЕВ Мулло

ЭРКАЕВ Мулло

ЭРКАЕВ Мулло (тав. 9. 5. 1910, деҳаи Сайроби p-ни Бойсуни РССУзб.), муаррихи советии тоҷик, академики АИП СССР (1967), доктори илмҳои таърих (1964),  проф. (1963), Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби РСС Тоҷ. (I960), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷ. (1964).      Аъзои КПСС аз с. 1940. С. 1929 Дорулмуаллимини Тошкент, 1939 фак-ти таърихи Ии-ти давлатии педагогии Душанберо хатм намуд. С-ҳои 1941— 49 — лектор, мудири сектор, ҷонишини мудири шуъбаи пропаганда ва агитации КМ ПК(б) Тоҷ, котиби Комитети партияви вил-ҳои Душанбе ва Кулоб оид ба пропаганда ва агитация, с-ҳои 1950—75 мудири кафедраи таърихи КПСС-и УДТ. Аз с. 1975 проф. кафедраи таърихи КПСС-и Ин-ти давлатии педагогии Душанбе. Муаллифи бештар аз 170 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавист.

Дар асарҳои Э. тантанаи сиёсати миллии ленинии Партияи коммунистӣ, дустию ҳамкории халқҳои совети ва саҳми намоёни халқи бузурги рус дар комёбиҳои беназири халқии тоҷик мавқеи хос дорад. Бештар аз 40 наф. олимони таърихшинос бо роҳбарии илмии Э. ба унвонҳои номзад ва доктори илм соҳиб шуданд. Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиум» Совеи ; Олии РСС Тоҷ. мукофотонида шудааст.

Ос.: Барпо ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Совети дар Тоҷикистон, д, 1080; Октябри Каобир ва азнавсозии социалию мадании деҳот, Д., 1082; Деҳқонони колхози — бинокорони фаъоли социализм, Д., 1080; Коммунистическая организация в Таджикистане, Д. 1878.

Ҳ.Дӯстон

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …