Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭРКАБОЕВ Рустам Сулаймонович

ЭРКАБОЕВ Рустам Сулаймонович

ЭРКАБОЕВ Рустам Сулаймонович (29. 1. 1913, Хуҷанд — 13. 6. 1963, ҳамонҷо), актёр ва режиссёр» советии  тоҷик. Арт. Халқии РОС Тоҷ. (1960). Аъзои КПСС аз с. 1947. Фаъолияти санъаткориашро аз с. 1933 cap карда, то охири умр дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод кор кард. Ролҳои намоёни у: Арслон («Ду коммунист»-и К. Яшин), Фердинанд («Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер), Аскар («Оршин-мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков). Пьесаҳои «Фарҳод ва Ширин»-и К. Яшин, «Бой ва хизматгор»-и Ҳакимзода, «Тоҳир ва Зуҳро»-и С. Абдулло, «Оршин-мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков ва ғ-ро ба саҳна гузоштааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

А. Ҳилолиён.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …