Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭРЕНБУРГ Илья Григорьевич

ЭРЕНБУРГ Илья Григорьевич

erenburg-i-g

ЭРЕНБУРГ Илья Григорьевич (27. 1. 1891, Клев —31. 8. 1967, Москва), нависандаи советии рус, ходим» ҷамъиятӣ. Дар романҳои «Хулио Хуроппто» (1922), «Шикасти Париж» (1941) сохти буржуазиро танқид кардааст. Мавзуи романи «Рузи дуюм» (1933) тасвири рузгори советӣ, сохтмони социализм, «Туфон» (1940—47) Ҷанги дуюми ҷахонист. Дар китоби «Ҷанг» (1642— 44) асарҳои публицистии зиддифашистиаш фароҳам омаданд. Муаллифи маҷмуаҳои ашъори лирикӣ, асарҳои танқидӣ бадеӣ ва ёддоштҳо («Одамон, солҳо, зиндагӣ», кит. 1 —6, 1961—65). Мақолаҳои публицистиаш — «Одамхурон», «Барой сулҳ», «Адоват» ба тоҷикӣй тарҷума шудааад. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 3—7), ноиб-президенти Совети умумиҷаҳонии сулҳ, лауреати Мукофоти байналхалқии ленинӣ (1952), Мукофоти давлатии СССР (1942, 1948). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени диг. ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …