Маълумоти охирин

ЭРАҶ

ЭРАҶ персонажи асотиру ривоятҳои қадимии эронӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари хурдии Фаридун, бародари хурди Тур ва Салм. Оид ба Э. дар Авесто ва осори паҳлавӣ («Динкард») сухан рафтааст. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ Фаридун далерию диловарии Э.-ро дар овони ҷавониаш пай бурд, аз ин ру барои мустаҳкам нигоҳ доштани тахту давлат кишвари асосии худ — Эронро ба Э. дод, ки ин боиси норозигии бародарони калони у шуд. Онҳо Э.-ро ба назди худ даъват карда, ваҳшиёна куштанд. Манучеҳр ба интиқомхоҳии Э. рафта, Туру Салмро нобуд кард.

Образи Э.-ро Фирдавсӣ бо самимият ва меҳру шафқат тасвир кардааст. У аз ҷумлаи ҷавонмардони бетолеи «Шоҳнома» (Сиёвуш, Суҳроб ва диг.) мебошад, ки хоҳони сулҳу осоиши кишвар буд, вале қурбони фитнаву макр гардид.

Ад.: Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 1, Д., 1987;

  1. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …