Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭРАҶ МИРЗО Ҷалолулмамолик

ЭРАҶ МИРЗО Ҷалолулмамолик

eraj-mirzo-j

ЭРАҶ МИРЗО  Ҷалолулмамолик (1874, Табрез—1926, Теҳрон), шоири эронӣ. Аз оилаи шоҳзодаи фақиргаштаи қочор. Аз хурдӣ ба шеъргуи пардохт. Дорулфунуни Табрезро хатм намуда, илмҳои мантиқ, фалсафа, маонӣ ва баёнро омухт. Забонҳои арабӣ, туркӣ, франсавӣ ва русяро аз бар кард ва ҳунари хаттотиро низ ёд гирифт. Фақирона мезист. С. 1892 ба дарбори Музаффаруддиншоҳ ба хидмат омад. Дар дарбор бо қасидаҳои мадҳияш шуҳрат пайдо кард ва ба лақабҳои ифтихории «Садрушшуаро» ва «Фахрушшуаро» мушарраф шуд. Вале шоири дарбор будан ба дилу нияти вай мувофиқ набуд. С. 1896 дарборро тарк карда, дар идораҳои боҷхона, палатаи савдо, Вазорати маориф, идораи молия кор кард. С-ҳои 1917—24 дар Машҳад зистааст. Девони ашъори Э. М., ки тақр. 4000 байт дорад, шеърҳои гуногуни лирикӣ, ҳаҷвӣ, маснавиҳои «Орифнома», «Зуҳра ва Манучеҳр»-ро дар бар мегирад. Дар давраи авҷи ҳаракати миллии озодихоҳӣ дар ашъори Э. М. ҳақиқати зиндагӣй ва муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоии замон ба миён гузошта шудааст. У дуруягии руҳониёнро мазаммат мекард («Ашки шайх»), бар зидди таассуби динӣ мубориза мебурд («Бишнав, ки латифаи қашангест»), аз мавқеи пасти иҷтимоии занҳои Эрон сухан мегуфт («Чодар», «Ҳиҷоб» ва ғ.). Дар маснавии «Орифнома» аҳли ҳукмрони давр ва шоҳ мавриди танқид қарор гирифтаанд. Беҳтарин шеърҳои Э. М. дар васфи мода р ва зан гуфта шудаанд («Модар», «Дили модар» ва ғ.). Модарномаи Э. М. дар тамоми адабиёти Шарқ мавқеи баланд дорад. Э. М. яке аз асосгузорони адабиёти бачагонаи муосири форсист. У якчанд асарҳои нависандагони Ғарбро ба форсӣ тарҷума кардааст.

Ос.: Осоря мунтахаб. Д., 1963)

Ад.: Вертельс Е. Э.. Очерки история персидской литературы, М., 1928; Ворожейки на 3. В., Иредж Мирза, И., 1961.

М. Муллоаҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …