Маълумоти охирин

ЭПОС

ЭПОС (юн. epos — сухан, ҳикоя, нақл), яке аз се ҷинси адабӣ буда, роман, повесть, ҳикоя, новелла, очерк, достон, масал, афсона ва ривоятро дар бар мегирад. Э. ҳам ба мисли драма амалиёт, задухурд, низоъ ва моҷарои персонажҳоро инъикос менамояд.

Дар Э. нақл мақоми асосӣ дорад. Нақли (муалллф ё гуянда) бо диалог ва монологи персонажҳо омехта гардидан ба ҳалли зиддияту низоъҳои асари бадеӣ мадад мерасонад. Дар Э. моҳияти ҳодисаҳо ба воситаи баёноти муаллиф ва нутқи персонажҳо ошкор мегардад. Навъҳои Э. бо тақозои методҳои гуногуни адабӣ такмил меёбанд, композиция ва воситаҳои тасвири онҳо дигар мешаванд. Сухани муалллиф ё ноқил дар Э. бештар бо замони гузаштаи феъл ва шахси сеюм меояд. Аммо дав Э.-и давраи наву навтарин замони гузашта бо замонҳои ҳозираю оянда омезиш меёбад ва ноқил ҳамчун шахси якум дар бораи ҳодисаҳо нақл менамояд. Сюжети Э. хеле гуногун мешавад. Дар як маврид ҳодисаҳо бағоят тезу тунд ва пуршиддат сурат мегиранд (асарҳои саргузаштӣ, детективӣ ва ғ.), дар мавриди дигар шакли эпикии ором ва батадриҷ ба назар мерасад (романҳои маишию оилавӣ, таърихӣ ва 7.). Баъзан ҳодисаҳо вобаста ба характеристикаҳои психологӣ ё таҳлилӣ ба тарзҳои гуногун ҷараён меёбанд: як адиб баёноти реалистиро мепарварад, дигаре ба тасвири романтики майл мекунад ва ғ. Поэтика, услуб ва воситаҳои тасвири бадеии Э. низ рангоранг аст. Аз ин ҷост, ки се шакли асосии Э. вуҷуд дорад: хурд (очерк, новелла, ҳикоя, афсона), миёна (повесть) ва калон (роман, дилогия, трилогия, тетралогия, эпопея ва ғ.).

С. Таборов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …