Маълумоти охирин

ЭПОПЕЯ

ЭПОПЕЯ (юн. epopiia — аз еров — сухан, ҳикоят ва poied — эҷод мекунам), шакли мураккабу муҳташами асарҳои эпикиро гуянд, ки мазмуни  умумихалқӣ дошта, масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва миллию таърихиро дар бар мегирад. Э. дар давраи атиқа (Юнони Қадим) ва асрҳои миёна бештар дар шакли силсилаи афсонаю ривоятҳои таърихию асотирӣ («Илиада» ва «Одиссея»-и Гомер, «Маҳабҳарата» ва «Рамаяна», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте ва ғ.) ба вуҷуд омада буд. Дар Э.-и давраҳои наву навтарин воқеаҳои мураккабу сераҳамият тасвир ёфта, масъалаҳои муҳимми таърихӣ ва умумиинсонӣ ба миён гузошта мешаванд. Характеру тақдири персонажҳо дар Э. дар зиддият ва задухурдҳои шадиди синфию иҷтимоӣ шакл мегиранд. Тасвири доманадори воқеаҳо, сюжети мураккаб, зиддиятҳои ҷиддии ҳаётӣ, бисьёр будани персонажҳо ва рангорангии услуб аз хусусиятҳои барҷастаи Э. ба шумор мераванд. «Мазҳакаи инсонӣ»-и Бальзак, «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Толстой, «Зиндагии Клан Самгиг»-и М. Горький, «Саргардонии пуразоб»-и А. Толстой, «Дони ором»-и M Шолохов, «Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ Э. мебошанд.

С. Таборов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …