Маълумоти охирин

ЭПИЛОГ

ЭПИЛОГ (аз юн. epilogos — охирсухан), дар драма муроҷиати хотимавии хор ё актёр ба тамошобинон буд, ки тавассут он мақсади муаллиф ва моҳияти воқеоти пьеса шаҳр дода мешуд. Э.-и драма ҷои Эҳьё (У. Шекспир, Б. Понсов) ғояи пьесаро шарҳ медод. Дар адабиёти муосир Э.  тасвири воқеаҳоест, ки баъди қатъ ва ҳалли конфликт меоянд. Э. унсури асосии сюжет намебошад. Э.-ро асосан дар охир, баъзан дар оғози асари бадеӣ меоранд (боби якум «Шаҳрҳо ва солҳо»-и К. Федин, «Ман гунаҳкорам»-и Ҷ.  Икромӣ). Доираи тасвир дар Э. васеъ аст. Бо ин ҷиҳат он аз мафҳумҳои нисбатан танги хотима, хулоса ва ғ. фарқ мекунад.

Ад.: Волькенштейн В. М. Дрпматургия, М., 1969; Поспелов Г.,Теория литературы, М., 1978.

С. Табаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …