Маълумоти охирин

ЭПИГРАФ

ЭПИГРАФ (аз юн. epigraphe — катиба), матнт кутоҳест, ки нависанда дар оғози асар ва ё оғози қисмҳои он ҷой медиҳад. Анъанаи овардани Э. дар адабиёти Европаи Ғарбӣ аз а.14 оғоз ёфтааст. Сухани нависандагону олимони бузург, зарбулмасалу мақолҳо, ибораю ифодаҳои рехта ва суфтаи халқӣ, шоҳбайтҳо, мисраъҳои ҳикматомези пандномаи бузургон Э. интихоб мешавад. Ҳаҷми Э. хурд, вале мазмунаш доманадор аст. Нависанда ба воситаи Э. ба мундариҷаи ғоявии асараш, мароми эҷодиаш ишора мекунад. А. С. Пушкин дар повести «Духтари капитан» зарбулмасали «Шарафро дар ҳавони нигоҳ дор»-ро Э. овардааст. М. Тур-сунзода дар манзумаи «Таронаи ишқ» байти зерини Ҳофизи Шерозиро:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бхороро

Э оварда ба ин васила нуқтаи назарашро ба яке аз мавзуъҳои анъанавии адабиёти тоҷик ва образи маъшуқӣ баён кардааст. Гоҳо нависандагон Э. менависанд ё аз осори худ Э. меоваранд. Э.-и достони М. Миршакар «Ленин дар Помар» чанд мисраи шеъри худи у «Аз зиндаҳо ҳам зиндатар.» аст, ки нияти эҷодиашро хеле хуб ифода кардааст:

«Ӯ зиндaвy бо номи вай

Дорад Ватан садҳо нафар.

Фатҳу зафарҳои Ватан

Карданд ӯро зиндатар…»

Ҳ. Муҳаммадиев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …