Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭПИДЕРМОФИТИЯ

ЭПИДЕРМОФИТИЯ

epidermofitiya

ЭПИДЕРМОФИТИЯ (аз юн. epi — дар, derma — пуст ва юн. phyton -г-растанӣ), як навъ бемории пустро гуянд, ки занбуруғҳои паразитӣ ба вуҷуд меоранд. Одам аз Э. ҳангоми бо шахси бемор дар тамос будан ё аз сачоқ, ванна, пойафзоли умумӣ, либоси дуруст ношуста истифода бурдан сироят меёбад. Бештар Э.-и панҷаи пой вомехурад, ки он бо иллати чиндон байни ангуштон, сурхшавӣ, кучидани қабати болоии пуст, эрозия, пустпартоӣ, хориш зоҳир мешавад. Дар кафу ангуштони пой обилачаҳои майда дамида, нулакча, карахши зардобу хунин ҳосил мешаванд. Ҳангоми осеби чинҳои қадкашак, руи даруни рои, пусти таги каш ва чини зери ғадудҳои сина доғи сурхи сиёҳтоб пайдо шуда ба обила табдил меёбанд. Э.-ро бо тарзи бактериоскопӣ ё бактериологӣ ташхис мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …