Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭНТРОПИЯ

ЭНТРОПИЯ

entropy

ЭНТРОПИЯ (аз юн. entropia — гapдиш, табдилот), функцияи ҳолати системаи термодинамикиро гуянд (Одатан бо S ишорат мешавад) Тағйироти Э. (dS) дар ҷараёни мунтазам ба нисбати миқдори гармии (dQ) аз система хориҷшуда ё ба система дохилшуда бар ҳарорати термодинамикии (Т) система баробар аст. Ҷараёнҳои номунтазам дар системаҳои изоляцияшуда бо зиёд шудани Э. сурат гирифта системаро ба холати мунтазам меоранд ва Э. ба қимати калонтаринаш соҳиб мешавад. Мафҳуми Э-ро с. 1865 Р. Клаузиус ҷорӣ кардааст. Дар физикаи статистӣ Э. ҳамчун меъёри эҳтимолияти дар ҳолати додашуда воқеъ будани система муоина мешавад (принципи Больцман). Мафҳуми Э. дар физика, химия, биология ва назарияи информация маъмул аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …