Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭНТОМОЛОГИЯ

ЭНТОМОЛОГИЯ

 ЭНТОМОЛОГИЯ, як қисмати зоо-. логияро гуянд, ки ҳашаротро меомузад. Вобаста ба мавзуъ Э. умумӣ ё назариявӣ ва амалӣ мешавад. Э.-и умумӣ морфология, эмбриология, физиология, этология, экология, энтомогеография, палеоэнтомология ва систематикаи ҳашаротро меомузад. Мавзуи омузиши Э.-и амалӣ ҳашароти зараррасони маҳсулот ва зироати х. қ., паразиту паҳнкунандаи бемориҳои одам, ҳайвонот ва наботот, инчунин ҳашароти фоиданок аст. Э. ҳамчун илм а. 17 ба вуҷуд омад ва дар а. 20 ривоҷу равнақ ёфт. Олимони советӣ Г. Я. Бей-Биенко, М. С. Гиляров, А. П. Семёнов-Тянь-Шанский, О. Л. Крыжаповский, А. В. Мартынов ва диг. бо тадқиқоти худ Э.-ро инкишоф доданд.

entopology

Э. дар РСС Тоҷикистон яке аз илмҳои нисбатан тараққикарда аст. Омузиши ҳашарот дар Тоҷикистон а. 19 cap шуд. С-ҳои 1869—70 зимни экспедицияи А. П. Федченко дар Панҷакент, Оббурдон, Заҳматобод, Анзоб ва ғ. намудҳои зиёди ҳашарот ошкор карда шуд, ки аксари онҳо дар илм бори аввал тавсиф мешуданд. С-ҳои 1884—87 Г. Е. Грум-Гржимайло болооби д. Сурхоб, водии д. Кофарниҳон, Ҳисор, Вахш, Кулоб, Балҷувон, қ-куҳи Пётри I, Дарвоз ва Помири Шарқиро тадқид карда, оид ба фауна ва махсусан шапалакҳо маълумоти муфид ба даст овард. С-ҳои 1922—25 бори нахуст хомушакҳо чун барангезандаи вараҷа омухта шуданд. Дар тадқиқи фаунаи ҳашароти Тоҷикистон Экспедицияи помирии АФ СССР (1928) ва Экспедицияи паразитологии Е. Н. Павловский (1932) низ аҳамияти калон дошт. С. 1937 тадқиқоти энтомологӣ асосан дар нишебиҳои ҷанубин қ-куҳи Ҳисор (Кондара ва атрофи он) гузаронида мешуданд. Баробари ташкил шудани Ин-ти зоология ва паразитология (1941) ва АФ РСС Тоҷикистон (1951) тадқиқоти энтомологӣ дар республика вусъат ёфт.

Ад.: Луппова Е.. П.. Энтомологические работы в Таджикистане за 25 лет. «Тр. ИЗИП, 33», Д.. 1955; Бей-Биенко Г. Я., Общая энтомология, М.. 1971; Достижения зоологической науки в Таджикистане за 50 лет. Энтомологический сборник, Д„ 1975. М. Н. Нарзиқулов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …