Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭНГЕЛЬС Фридрих

ЭНГЕЛЬС Фридрих

engels

ЭНГЕЛЬС (Engels) Фридрих (28.И. 1820, Бармен, Германия—5. 8. 1895, Лондон), яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ, дӯст ва ҳамкори К. Маркс, муаллим ва доҳии пролетариати байналхалқӣ. Падараш фабрика дошт. С-ҳои 1841—42 зимни хизмати ҳарбӣ дар Берлин ба ун-т рафта, ба ҷавонгегелчиён ҳамроҳ шуд. Дар китобчаи «Шеллинг ва масъалаҳои кашфу шуҳуд» (1842) ақидаҳои атеистии худро баён намуд. Аз с. 1842 бо «Газетаи Рейн» (аз окт. 1842 муҳаррираш К. Маркс буд) фаъолона ҳамкорӣ кард. Нояб. 1842 ба Манчестер (Британияи Кабир) омада, дар фабрикаи қоғазбарорӣ, ки падараш яке аз саҳмдорони он буд, ба кор даромад. С-ҳои 1842—44 аз демократизми революционӣ ба коммунизм ва аз идеализм ба материализм гузашт «Мусаввадаҳо оид  ба танқидн иқтисоди сиёсӣ», «Вазъияти синфи коргар дар Англия»). Вохўрии у бо К. Маркс авг. 1841 пар Париж ба дустии мустаҳками онҳо ибтпдо гузошт. Дар китоби «Хонадони валиёп» К. Маркс ва Э. гегелчиёни чапро танқид карда, як қатор масъалаҳои муҳимми материализми диалектикию таърихиро ташаккул доданд. Дар «Идеологияи немис» (1845—40) Маркс ва Э. фалсафаи идеалистии Г. Гегель, ноустувории материализми Л. Фейербах ва тамоюли майдабуржуазии «социализми ҳақиқи»-ро танқид намуда, аввалин бор принципҳои асосии коммунизми илмиро хеле васеъ баён карданд. Э. дар таъсис (1848) ва фаъолияти «Иттифоқи коммунистон» нақши муҳим дошт. Маркс ва Э. В программаи иттифоқи мазкур «Манифести Партияи Коммунистӣ »-ро (1848) тартиб доданд. Апр. 1848  Маркс ва Э. ба Германия кучида ба «Ҷамъияти демократӣ»-и Кёльн аъзо шуданд ва июни 1848 органи революциони — «Газетаи нави Рейн»-ро таъсис доданд. С. 1849 Э. дар муборизаи мусаллаҳонаи зидди контрреволюция иштирок кард. Нояб. 1849 ба Лондон, ба назди К. Маркс рафт.  Асарҳои Э. «Революция ва контрреволюция дар Германия» ва «Ҷанги  деҳқонӣ дар Германия» ба ҳамин давра мансуб аст. Нояб». 1850 Э. маҷбур шуд, ки ба Манчестер баргашта, кори идораи тиҷоратиашро идома диҳад. Ин кор ба у имкон дод, ки ба К. Маркс аз ҷиҳати моддӣ ёрӣ расонад. Э. илмҳои табиатшиносӣ, масъалаҳои сиёсати байналхалқӣ ва корҳои ҳарбиро баррасӣ намуда, дар ин соҳаҳо мақолаҳои сершумор навишт.

У бо ҳамроҳии К. Маркс ба фаъолияти Интернационалӣ  роҳбарӣ мекард (сент. 1870 ба Лондон рафта, аъзои Совети генералии он шуд) ва бар зидди бакунинчиён, прудонисону лассалчиён мубориза мебурд. С. 1871 дар маҷлисҳои Совети генералии Интернационал ва мактубу мақолаҳояш Коммунаи Парижро фаъолона дастгирӣ кард. Асарҳои дар ин давра навиштаи Э., махсусан «Анти-Дюринг» дар инкишофи назарияи марксизм нақши муҳим доштанд.

Баъди вафоти К. Маркс (1883) Э. мушовир ва роҳбари социалистони Европа буд. У ҷилдҳои нотамоми 2-юм ва 3-юми «Капитал»-ро ба- нашр тайёр карда, «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» (1884), «Людвиг Фейербах ва хотима ёфтани фалсафаи классикии немис» (1888), «Диадектикаи табиат», «Масъалаи деҳқонӣ дар Франция ва Германия» (1894)-ро навишт, ки онҳо ба пешрафти илми марксистӣ мусоидат карда, дар тарғиби назарии комунизми илмӣ ҳиссаи калон гузош

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …