Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ

ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ

energiyai-atomi

ЭНЕРГИЯИ АТОМӣ, энергияи ядроӣ, энергияи дохилиядроиест, ки дар натиҷаи реакцияи ядроӣ ба вуҷуд меояд. Ҳадди аксари энергияе, ки аз ин ё он ядро хориҷ шуда метавонад, энергияи бандиши ядроӣ мазкур аст. Энергияи бандиш аз энергияи ҷозибаи мутақобили нуклонҳо (ки аз асари қувваҳои ядроӣ ба вуҷуд меояд ва ба адади нуклонҳои ядро мутаносиб аст) ва энергияи аз якдигар тела хурдани протонҳои таркиби ядро (ки ба квадрати адади протонҳо мутаносиб аст) таркиб меёбад ва адади баробари энергияест, ки барои аз ҳам ҷудо кардани ҳама нуклонҳои таркиби ядро зарур мебошад. Ҳисоби энергияи бандиш барои ин ё он ядро душвор нест (ниг. Ядрои атом). Энергияи бандише, ки ба сари як нуклони ядро рост меояд андаряк 7—6 МэВ/нуклон аст. Аммо дар натиҷаи ҳодисаҳои ядроӣ на ҳамаи ин энергия хориҷ шуда метавонад. Мас., дар натиҷаи нейтронро фуру бурда, пора шудани як ядрои JU аз ~ 1784 МэВ энергияи бандиши он танҳо-200 МэВ-аш хориҷ мегардад, ки ин ба сари дар нуклон танҳо 0,86 МэВ-ӣ рост меояд. Инчунин маънӣ дорад, ки ҳангоми пора шудани ҳама ядроҳои таркиби 1 кг U дар як соат тақр. 22 млн кВт энергия хориҷ мешавад. Ин энергия назар ба энергияе, ки дар натиҷаи сухтани ҳамон миқдор бензин хориҷ мегардад қариб 2,5-10 маротиба зиёд аст. Манбаи дигари Э. а. ҳодисаи якшавии ду ядрои сабук — дейтрон + *+* дейтрон ва тритон 4- дейтрон (реакцияи синтези термоядроӣ) мебошад. Лекин реакцияҳои термоядроӣ танҳо дар сурати (15—20) *10**С будани ҳарорати муҳит рўй медиҳанд — ин барои он зарур аст, ки ядроҳои синтезшаванда суръати ҳаракати ҳароратии худро афзуда, садди потенциалии якдигарро шикофта, як шуда тавонанд. Дар натиҷаи реакцияи синтезӣ, мас., дейтрон (D) ва тритон (Т) …..ба сари ҳар нуклон энергияи — 3,5 МэВ хориҷ мегардад, ки ин назар ба мавриди пора шудани n5U чанд маротиба зиёд аст, зеро дар ин сурат ядрои маҳсул (4#е) назар ба ядроҳои якшаванда дар ҳолати поёнтари энергӣ пайдо мешавад. Ҳамин аст, ки реакцияи D + Т воситаи басе умедбахши энергетикаи ояндаи наздик мебошад.

С.Қодирӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …