Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЭНЕРГЕТИКА

ЭНЕРГЕТИКА

 ЭНЕРГЕТИКА, яке аз муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқ буда, ба истеҳсолу истифодаи навъҳои гуногуни энергия ва захираҳои энергетикӣ (нефт, газ, ангишт, энергияи об, торф, варақасанги сузанда, энергияи атом, қувваи бод, мадду ҷазр ва ғ.) машғул аст.

energetika

Дар Иттифоқи Советӣ ҳама навъҳои захираи энергетикӣ фаровонанд. СССР аз ҷиҳати истеҳсоли нефт, газ, ангишт ва захираи об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои асосиро мегирад. СССР аз ҷиҳати инкишофи Э. ва истеҳсоли энергияи электрик дар ҷаҳон дар ҷои 2-юм (баъди ШМА) меистад. Дар СССР якчанд ҳаз. ст-ҳои электрики мавҷуданд, ки онҳо соле беш аз триллион кВт*с энергияи электрик ҳосил мекунанд. Ст-ҳои калонтарини электрикии СССР: Станцияи электрикии обии Братск, Станцияи электрикии Волхов, Станцияи электрикии обии Днепр, Станцияи электрикии обии Красноярск, Станцияи электрикии обии Норак, Станцияи электрикии обии Сангу Шушенск ва р. Дар СССР 8 ст. электрикии обӣ ҳаст, ки дар ҷаҳон беш аз 1 млн кВт*с иқтидор до-рад. Аз 5 ст-и калонтарини электрикии обии ҷаҳонӣ 4-тоаш дар ҳудуди СССР ҷойгир аст. С. 1980 истеҳсоли энергияи электрик дар СССР ба 1295 млрд кВт*с расид, яъне дар тули 5 сол 1,25 баробар афауд. Истифодаи энергияи электрик дар саноат 1,17, нақлиёт 1,38 ва х. ҷ. 1,50 маротиба зиёд шуд.

Солҳои охир дар истеҳсоли энергияи электрик ҳиссаи ст-ҳои электрикии атомӣ меафзояд. Дар СССР нахустин ст-и атомӣ с. 1954 (дар ш. Обнински вил. Калуга) сохта шуда буд. Ст-ҳои калонтарини электрикии атомии СССР инҳоянд: Ленинград (иқтидораш 2 млн кВт), Нововоронеж (1,4 млн кВт), Кола (880 ҳаз. кВт) ва ғ.

Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои энергетикӣ (хусусан захираи об) бой буда, дар мамлакат дар ҷои 2-юм (баъди РСФСР) меистад. То Рев. Октябрь дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон энергияи электрик тамоман истеҳсол намешуд. Нимаи дуюми с-ҳои 20, баъди сохтани ст-ҳои хурде, ки бо сузишворӣ кор мекарданд, Э.-и республика ба вуҷуд омад. С 1926 дар Душанбе нахустин ст-и дизелӣ (иқтидораш 78 кВт) ба кор даромад. С. 1937 якумин ст-и электрикии обии республика — Варзоби Боло (иқтидораш 7,1 ҳаз. кВт) ба истифода дода шуд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли энергияи электрик ба 24,8 млн кВт-с расид (1937). Ҳоло дар Тоҷикистон як қатор ст-ҳои калону хурди электрикӣ мавҷуданд: Варзоби Боло (иқтидори лоиҳавиаш 7,1 ҳаз. кВт), Варзоби Поён (14 ҳаз. кВт), Варзоби Миёна (3,5 ҳаз. кВт), Қайроққум (190 ҳаз. кВт), Шаршара (29,9 ҳаз. кВт), Сарбанд (210 ҳаз. кВт), Марказӣ (18,6 ҳаз. кВт), Норак (2,7 млн кВт), Ёвон (180 ҳаз. кВт), Душанбе (216 ҳаз. кВт), Бойғозӣ 500 ҳаз. кВт*с. С. 1980 ст-ҳои электрикии республика 13,6 млрд кВт энергияи электрик ҳосил карданд. Афзоиши минбаъдаи истеҳсоли энергияи электрик ба захираи оби республика вобаста аст. Дар Тоҷикистон 511 дарьё ва дарьёча ҳаст, ки зиёда аз 32,3 млн кВт иқтидори энергетикӣ доранд ва соле барои ҳосил кардани 283 млрд кВт*с энергияи электрик имкон медиҳанд. Дар 12 маҷроҳои небатан калони об 36 ГЭС сохтан мумкин аст, ки иқтидори онҳо ба 25 млрд кВт мерасад. Фақат дар ду дарьё — Вахшу Панҷ 14 ГЭС метавон сохт, ки иқтидори умумиашон 26 млн кВт буда, соле 120 млрд кВт*с энергияи электрик ҳосил хоҳанд кард. Аз ҷиҳати иқтидори захираи об д. Панҷ (97,6 млрд кВт*с) дар СССР дар ҷои 3-юм (баъди д-ҳои Енисей ва Лена) ва ғ. Вахш (44,9 млрд кВт*с) дар ҷои 10-ум меистад. Захираҳои умумии дарьёҳои республика ба 299,6 млрд кВт*с мерасад, ки ин 54%-и тамоми захираҳои оби ноҳияи иқтисодии Осиёи Миёна аст.

Истифодаи оқилонаи захираҳои энергеткӣ, хусусан захираи об, ба тезонидани электриконии хоҷагии халқ ва инкишофи минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад.

А.: Энергетические ресурсы СССР. М.. 1968: Юнусов Б. В., Электроэнергетика Таджикистана. Д., 1975; Ра-зыков В. А., 25 съезд КПСС и вопросы развития электроэнергетики Таджикистана, Д.. 1978; Энергетика СССР в 1981—4985 гг.. М.. 1981.

  1. Муҳаббатов, Ш. Ғаффоров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …