Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭНДОЗООХОРИЯ

ЭНДОЗООХОРИЯ

ЭНДОЗООХОРИЯ (аз эндо…, эоо… ва юн. choreo—паҳн мекунам), аз узвҳои ҳозимаи ҳайвонот (паррандаҳо, хояндаҳо, сумдорҳо ва ғ.) осеб надида гузаштани меваватухми растаниҳоро гуянд. Бо ин роҳ тухм ва меваи растанӣ паҳн мешавад. Меваю тухми бисьёр растаниҳо бо ранги баланд ва буи ҳайвонотро ба худ ҷалб мекунанд. Ҳангоми аз узвҳои ҳозимаи ҳайвон гузаштан тухми растанӣ аз таъсири кислотаҳо ва дар натиҷаи осеб дидани пусташ хеле тез месабзад.

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …