Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭНДОМЕТРИТ

ЭНДОМЕТРИТ

ЭНДОМЕТРИТ (аз эндо… ва юн. metra — бачадон), илтиҳоби луобпардаи бачадонро гуянд. Э.-ро стафилококк, стрептококк, гонококкҳо, қаламчамикроби руда ва баъзе микробҳои диг. ба вуҷуд меоваранд. Баъзан Э. боди бемориҳои сироятӣ (мас., сил) мебошад. Э. шадид ва музмин мешавад. Камқувватӣ, баланд шудани ҳарор. бадан, дарди поёни шикам ва тарашшуҳи хунолуд аз роҳҳои узвҳои таносул зуҳуроти Э.-и шадид мебошанд. Аксар Э. бо салпингоофорит (илтиҳоби тухмдон ва роҳҳои он) якҷоя мегузарад, ки боиси безурьётӣ мешавад. Э. дар ҳайвонот низ мушоҳида мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …