Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭНДОКРИНОЛОГИЯ

ЭНДОКРИНОЛОГИЯ

endokrinologiya

ЭНДОКРИНОЛОГИЯ (аз эндо… юн. krino — ҷудо мекунам ва …логия), илмест, ки сохту фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ), гормонҳои онҳо ҳосилкарда, роҳҳои пайдоиши гормонҳо ва таъсири онҳоро ба организми одам ва ҳайвонот меомузад. Э.-и клиникӣ касалиҳои дар натиҷаи вайроншавин кори ғадудҳо, патогенез, ташхису пешгирӣ ва муолиҷаи амрози ғадудҳои усораи дохилиро тадқиқ менамояд. Э. чун илми мустақил дар миёнаи а. 19 ба вуҷуд омад. Дар инкишофи Э. саҳми олимони немис К. Базедов, А. Бертольд, Й. Меринг, англис Т. Аддисон, франсавӣ К. Бернар, рус Л. В. Соболев, советӣ И. П. Павлов, М. М. Завадовский ва диг. калон аст. С. 1947 Ҷамъияти илмии умумииттифоқии эндокринологҳо таъсис ёфт, ки он аз с. 1975 ба Ассоциацияи байналхалқии эндокринологҳо (таъсисаш I960) дохил шудааст.

Масъалаҳои Э. дар ж. «Проблемы эндокринологии и гормонотерапии» (аз с. 1955) нашр мешаванд.

Дар Тоҷикистон с-ҳои 1928—55 як қатор экспедицияҳои илмӣ ташкил карда шуд, ки мақсади онҳо омузиши дараҷа ва динамикаи чоғари эндемӣ (маҳаллӣ) дар шаҳр ва районҳои республика буд. С. 1959 дар Душанбе аввалин диспансери эиддиҷоғар таъсис ёфт. Дар Ин-ти давлатии тиббии Тоҷикистон с. 1975 кафедраи эндокринология ташкил шуд, ки он алҳол маркази республикавии таддиқоти илмӣ оид ба бемориҳои эндокринӣ мебошад. С. 1964 Ҷамъияти илмии республикавии эндокринологҳо таъсис ёфт.

Э. С. Қосимова.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …