Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ин як дастоварди илмиву фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва нишони давлату давлатдории навини миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Энсиклопедияи Миллии ТоҷикМардуми мо хуб медонад, ки китоб дурри гаронбаҳо, раҳнамои некиву накукорӣ, аниси умум, хуллас ганҷинаи беинтиҳои маънавӣ буда, ҳамчунон як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудоинопазирӣ зиндагии инсон, аз ҷумла миллати тоҷикро ташкил медиҳад. Китоб бузургтарин муъҷизоти олам аст, ки ба одам ғизои маънавӣ мебахшад ва ба ин маънӣ, манбаи нури маънавияти инсон мебошад.

Таърихи миллати мо гувоҳ аст, ки муборизахои қаҳрамонона ва талошҳои фидокоронаи гузаштагони хирадмандамон барои ҳифзи забон ва фарҳанги худ, инчунин кашфиёту шоҳкориҳои беназири илму фарҳанг аз як насл ба насли дигар маҳз ба тавассути китоб то замони мо расидаанд. Барои миллати фарҳангпарвар ва соҳибтамаддуни мо дар тӯли таърих китоб барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва бақои минбаъда ёфтани он, таҳкиму тақвият пайдо кардани истиқлоли миллӣ, хувияту худшиносӣ ва пеш аз ҳама ҳастии халқи тоҷик ҳамчун шиносномаи миллат хизмати беназирро анҷом додааст. Аз ин ҷост, ки ҷаҳониён тоҷиконро ҳамчун мардуми китобдору китобдӯст, фарҳангпарвару фарҳангофар ва соҳибмаърифату мутамаддин эътироф кардаанд.

Нахусткитоби халқи мо Авесто дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун маҳзани беназири хирад ва мояи ифтихори мардуми мутамаддини ҷаҳон низ дониста шудааст. Яъне, ҳанӯз аз давраҳое, ки хат пайдо шудааст, мардуми мо ба таълифу тасниф, ҷамъовариву ба низоми муайян даровардани офаридаҳои адабиву таърихӣ, тиббиву фалсафӣ, ҳандасиву риёзӣ машғул будааст ва ин амал аз анъаноти фарзии онҳо ба ҳисоб мерафтааст. Ҳанӯз дар асри X фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, пири ҳакимони Машриқзамин – Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино китоби «Донишнома»-ро ба забони тоҷикӣ навишт, ки хусусияту моҳияти энсиклопедӣ дошт. Минбаъд иқдоми Ибни Сино аз ҷониби дигар донишмандону муҳаққиқон идома ёфта, як силсила асарҳои илмии ҷомеъ ба вуҷуд оварда шуданд, ки аз ин радиф китобҳои Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Форобӣ, Насируддини Тусӣ, Ҳаким Майсариро метавон номбар кард.

Минбаъд дар асри XX китобҳои энсиклопедие ба вуҷуд омаданд, ки тамоми ҷузъиёти як фан ё як давраи муайяни таърихиро фаро мегирифтанд. Дар кишвари мо низ якчанд энсиклопедиҳои универсалӣ ва соҳавӣ, аз ҷумла «Энсиклопедияи Советии Тоҷик», «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоки Тоҷикистон» ва «Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ» нашр гардиданд. Дар даврони истиқлолият аз ҷониби як гурӯҳ олимони тоҷик «Донишномаи Рӯдакӣ» ва «Донишномаи Сомониён» таълиф гардиданд, ки аввалӣ ба рӯзгору осори Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дувуми ба даврони тиллоии таърихи тоҷикон, яъне ахди Сомониён бахшида шудааст, ки барои худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми тоҷик аҳамияти бузурги илмӣ доранд.

Боиси хушҳолист, ки дар остонаи бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон китоби мӯътабар ва мӯътамади «Энсиклопедияи Миллим Тоҷик» дастраси хонандагон гардид ва он доир ба гузаштаи кишварамон, таърихи давлатдории навини миллиамон, аз ҷумла дигаргуниҳои бисёри сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву таърихӣ ва таҳаввулоти илмиву фарҳангии дар бист соли охир ба вуҷудомада маълумот медиҳад.

Албатта, таълифу таснифи маводи илмию оммавӣ дар шакли энсиклопедӣ кори ниҳоят душвор, вале пурифтихор мебошад. Аз ин рӯ, ба муаллифону муҳаррирон ва ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи ин китоби бунёдии миллиамон саҳмдоранд, комёбиву барори корҳои эҷодӣ орзу менамоям. Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои рӯи дунёянд, ки дар масири таърихи башарӣ бо ақду тафаккури хеш, бо заковату истеъдоди баландпояи худ тамаддуни фарҳангии бой ва ибратомузеро ба вуҷуд овардаанд.

Ҷамъ овардану ба низоми муайян даровардани осори илмӣ, таърихӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва фалсафию эътиқодӣ-мазҳабӣ аз даврони қадим, аз ибтидои шукуфоии тамаддуни ориёӣ, аз замони тадвину таълиф шудани китоби муқаддаси қавмҳои ориёӣ табор Авесто то ин ҳам анъанаи фарзист, ки инсоният новобаста аз ирқу нажоду миллат аз он баҳра мебарад. Ба риштаи таҳрир кашида шудани асарҳои энсиклопедӣ барои мардуми тоҷику форс падидаи нав нест ва асарҳои энсиклопедия шабеҳе чун «Бундаҳиш», «Динкард», «Ал-Қонун», «Донишномаи Улоӣ», «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун», «Таърихи Табарӣ», «Сивон-ул-ҳикмат», «Ал-Феҳрист», «Аҷоиб- ул-булдон», «Сурат-ул-арз» ва тазкираву баёзҳои сершумор намунаҳои китобҳои энсиклопедия монанди қадиманд. Мафҳуми энсиклопедия ҳамчун маҷмӯаи донишҳо, маълумоту иттилоот дар дунёи қадим пайдо шуда бошад ҳам, асосан дар давраи дуюми тамаддун  аз оғози асрҳои миёнаву давраи Эҳё таълифи энсиклопедияи дақиқ бо мақолаҳои мураттаби алифбоӣ оғоз гардид ва аз ин ҳам аҳли илму маърифат ва фарҳанг ба ин маҳзани бебаҳои илму фарҳанг бештар таваҷҷӯҳ намуданд. Энсиклопедияҳои «Ларусс» (Франсия, 10 ҷилд), «Эспос» (Испания, 70 ҷилд), «Италяна» (Италия, 36 ҷилд), «Британика» (Англия, 24 ҷилд), «Макропедия» (Англия, 20 ҷилд), «Американа» (ШМА, 16 ва 30 ҷилд), «Энциклопедия Брокгауза» (Германия, 20 ҷилд), «Большая Советская Энциклопедия» (СССР, 65, 50 ва 30 ҷилд, 3 нашр) аз нахустэнсиклопедияҳои мукаммали дунёянд, ки дигар энсиклопедияҳои хурду бузурги давлату халқият ва маҳалҳои алоҳида ба асоси таҷрибаи ин энсиклопедияҳо тадви­ну сохта шудаанд.

Чун китобҳои энсиклопедиявӣ тамоми соҳаҳо ва ҷузъитарин ҷанбаҳои зиндагиро дар бар мегиранд, мавриди ниёзи ҳамешагии мардум буда, ба ҳар муносибату зарурат аз онҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин барои огоҳии комил доштан аз таърихи воқеии гузаштаи миллат, хабардор будан аз сарнавишти пуршебу фарози халқи хеш, ошноии бештар пайдо кардан бо мероси бойи фарҳангӣ ва расму ойини пешгузаштагон, воқиф гардидан аз кору пайкор ва зиндагиномаи фарзонафарзандҳои миллати худ энсиклопедияҳои бисёрҷилда навишта мешаванд. Дар давлатҳои мутамаддини дунявии мустақилиродату комиликтисод энсиклопедияҳои миллӣ-универсалӣ дар баробари Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аломати истиқлол, ғановати маънавӣ, иқтидор ва истиқрори мамлакат мебошанд.

Бинобар ин бо Фармони Президенти Тоҷикистон дар давлати соҳибистиқлол, кӯҳанфарҳанг, мутамаддин, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо низ ба таҳияу таҳвини энсик­лопедияи миллии бисёрҷилда пардохта шуд, зеро дар китобҳои энсиклопедӣ таъри­хи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, ҳунармандон ва санъатварони маъруф дарҷ хоҳанд шуд. Дар айни замон дар саҳифаҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, муҳимтарин дастовардҳои илму техника ва фарҳангӣ ҷаҳонӣ, ҳаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки аз ҷиҳате ба ҳаёти миллати мо иртибот доранд ва ё ибратомӯзанд, сабт хоҳад гардид. Зеро «таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як халқ наметавонад бидуни баҳравар шудан аз та­маддуни муштарақи миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор ба сари худ миллати тавонову бофарҳанг созад ва дар тӯли ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад»! Роҳи пешгирифтаи кишвари мо, ки тарафдори сиёсати эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дахолат накардан ба истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғайр, рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаҳои манфиатбахши дутарафа бо мамлакатҳои дунёст, ҳамеша аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон дар тамоми сатҳҳо ва арсаҳо пуштибонӣ мекунад.

Калима-истилоҳоти эзоҳталаби забони тоҷикӣ ва калимаю истилоҳоти вобаста ба фарогирии доираи мавзуоти умумӣ-универсалӣ хеле бисёранд, вале «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» танҳо маъмултарин истилоҳотро мавриди шарҳу тафсири дақиқ ва мухтасар қарор додааст. Дар раванди таҳриру тадвини мақолаҳо хатоҳои маъмулу омии дар давоми солҳои гузашта баанъанадаромада ба шакли дуруст ислоҳ шуданд, то ки минбаъд бо истинод ба энсиклопедия саҳеҳ талаффуз ва навишта шаванд; Мӯсӣ – Мусо, Исӣ – Исо, тақвӣ – тақво (ба истиснои назм), авф – афв, афродҳо – афрод, ашхосон – ашхос, ашъорҳо – ашъор, маводҳо – мавод, волоият – воло, зарурият – зарурат, лозимӣ – лозима, иҷроиш – иҷро, Қувайт – Қувайт, Абудабӣ – Абузабӣ, аввало – аввалан, содда – сода, оддӣ – одӣ, фавқулодда – фавқулода, шоҳигарӣ – шоҳӣ ва ғайра.

Ё худ, масалан калимаи инобат, ки маънои зорӣ, пушаймонӣ ва тавбаро дошта, солиёни дароз ба маънои калимаи эътибор истифода мегардид, дар китоб ба маънои аслии хеш истифода шуда, дар маънои эътибор корбурд нагардид. Дар тадвину таҳияи матни мақолоти китоб талаботу нукоти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Имлои забони тоҷикӣ риоя гардидаанд.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик аз ибтидои оғози кори китоби бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба муассисаҳои илмӣ, идораҳои давлатӣ, донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, мутахассисони алоҳидаи тамоми соҳаҳои илму фарҳанг ва ҳатто пажуҳишгоҳҳои хориҷию мутахассисини ҷудогонаи бурунмарзӣ бо Лоиҳаи луғатномаи нашри мазкур муроҷиат намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ ва мадад даъват карда буд, ки дар натиҷа Луғатнома мавриди муҳокимаи васеи аҳди ҷамъият қарор гирифта то андозае такмил ёфт. Таҷрибаи нашр шудани 8 ҷилди Энсиклопедияи Советии Тоҷик мабнӣ бар тақризу нақдҳои фарово ни дар васоити ахбори омма ба табъ расида собит намуд, ки дар аксари эродҳои мутахассисон ва хонандагони одӣ ба ҷой дода шудани шахсиятҳо дар китоб сухан мерафт. Ба хотири минбаъд ҷилавгирӣ кардан аз чунин эродҳо дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 439 аз 2 сентябри соли 2010) «Дар бораи меъёрҳои ворид намудани шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва муосир ба «Энсиклопеди­яи Миллии Тоҷик» ба тасвиб расид, ки Сарредаксия тибқи он амал менамояд.

Вобаста ба татбиқи технологияи навтарини саҳифабандию ороиши китоб ва дарназардошти сифати чопи китоб аз аксҳо ва расмҳои аксаран сиёҳу сафеди кӯҳнашуда, ки барқарор карданашон ғайриимкон буд, сарфи назар гардид. Ҳамчунин расми шахсиятҳое, ки бо вуҷуди исрори кормандони Сарредаксия акси худро пешниҳод накарданд, аз ҷилди аввал берун монданд. Ҳаҷми мақолаҳо вобаста ба мавкею манзалати мавзуи пешниҳодшуда, муҳимияти он ва таклифи муаллифон бо мадди назар гирифтани маълумоти иловагӣ барои муҳаққиқони оянда муайян ва таъйин гардидааст.

Аксари мақолаҳои энсиклопедиро вобаста ба тахассусҳои гуногун олимони маъруф навиштаанд. Тамоми мақолаҳои ҷилди аввали ЭМТ-ро олимон-мутахассисони ҷудогонаи соҳаҳои гуногуни илм, аъзои Шӯрои илмию таҳририи аз тарафи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқшуда хондаву маъқул дониста, ба чоп тавсия намудаанд.

Ҷилди аввали китоб ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахустэнсиклопедияи миллист, ки барои оммаи васеи хонандагон нашр мешавад ва аз ин ҷиҳат шояд иштибоҳ дошта бошад. Бинобар ин, аз хонандагони муҳтарам самиман хоҳишмандем андешаву пешниҳодҳои худро дар бораи ҷилдҳои ЭМТ ба нишонии зерин ирсол намоянд: 734018, ш. Душан­бе, х. Н. Қаробоев 17, факс (992 37) 233 35 70, Е-mail:tojikencyclopedia.сот

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

ТАРЗИ ИСТИФОДАИ ЭНСИКЛОПЕДИЯ

Дар «Энсиклопедияи Миллим Тоҷик» мақолаҳо бо тартиби алифбо ҷой гирифтаанд. Агар номи мақола аз ду ё аз ин ҳам бисёртар калима таркиб ёфта бошад, тартиби алифбоии дохилии ингуна ибора ё номҳо аз рӯи калима ва ҳарфҳои минбаъда муайян мегардад: АБДИИ ГУНОБОДӢ, АБДИИ ЗОМИНӢ, АБДИИ ИСФАҲОНӢ, АБ­ДИИ КОБУЛӢ, ё мақолаи АСПИРАТСИЯ баъди мақолаи АСП меояд.

Модда ё истилоҳи асосии энсиклопедӣ (яъне номи мақола) бо ҳуруфи сиёҳи рост навишта шуда, бо мақсади дуруст талаффуз кардани он бар болои ҳиҷои матлуб аломати зада (‘) гузошта шудааст.

Дар мақолаҳои тарҷумаиҳолии энсиклопедия насаб ҳамчун моддаи асосӣ бо ҳуруфи сиёҳи рост, вале ном, номи падар бо ҳуруфоти муқаррарӣ меояд: АБДОЛОВ Назарбек, АБДУВАЛИЕВА Мавҷуда Мӯъминовна.

Дар шакли навишти ҳозира ному насаб ҳарду бо ҳуруфи сиёҳи рост навишта мешаванд: АБДУҒАФФОРИ АБДУҶАББОР, АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ ва ҳамин тартиб дар навишти номҳои мақолаҳои шарҳиҳолии ниёгонамои риоя шудааст: АБДУЛАЗИЗ МАҲДУМ, АБДУЛАЗИЗИ  МАРОҒАӢ, АБДУЛМАЛИКИ ҶУВАЙНӢ, АБУЮСУФ ЯЪҚУБИ АНСОРӢ. Агар шахс бо номи худ, тахаллус ё лақабаш шӯҳрат дошта бошад бо ҳамин номи маъруфаш ҷой дода шудааст: АБАИ, АБДУЛВОСЕЪ, ЛОҲУТИ, РӮДАКӢ, ҶОМӢ. Шахсоне, ки бо номи таркибӣ шӯҳрат доранд (мисли Нек Лондон), он ҳиссаи таркибии ном, ки ба падарашон мутааллиқ аст, дар ҷойи аввал ва исми худашон дар ҷойи дуюм гузошта шуд. Чунончӣ: ЛОНДОН Нек, БОДЛЕР Шарл ва ғайра.

Дар мақолаҳои тарҷумаиҳолӣ баъди ном, номи падар, куния, тахаллус дар қавсайн рӯз, моҳ, сол ва ҷойи таваллуд (агар маълум бошанд) дода мешаванд: АБДУЛАЗИЗИ МАХСУМ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), АБДУЛАҲАДХОН (16. 3. 1859, Кармина – 6. 1. 1911, ҳамон ҷо), АБДУЛВОСЕИ ҶАБАЛӢ Бадеъуззамон ибни Абдуномеъ ибни Рабеи Ғарҷистонӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1160), АБДУЛҒАФФОР МАҲДУМИ БУЛБУЛ мутахаллис ба Фавҷӣ (1879, Хуҷанд – 1979, ҳамон ҷо). Ҷое, ки маҳали таваллуд ё вафот, ё санаи таваллуд ё вафот нишон дода нашудааст, яқин аст, ки муаллиф чунин маълумотро аз маъхазҳо пайдо накардааст.

Олимону ҳакимони маъруфи Юнони Қадим, бо ҳамон номе, ки дар адабиёти араб ва форс-тоҷик маъмулан дучор меоянд, сабт гардида, номи аслиашон дар қавсайн дода мешавад: АФЛОТУН (Платон), БАТЛИМУС (Птолемей), БУҚРОТ (Гиппо­крат). Вале агар чунин уламо дар байни халқ бо номи арабиашон чандон маъруфият надошта бошанд, бо номи аслии юнониашон сабт гардида, шакли муаррабаш дар қавсайн ҷой дода мешавад: ПИФАГОР (Файсоғурис), АРХИМЕД (Арашмидус).

Шоирону нависандагон, адибон, аҳди илму фарҳанги чӣ муосир ва чӣ гузашта бо тахаллус, исми адабие, ки интихоб кардаанд, ё ба ҳамон ном машҳуранд, ҷой дода шудаанд: ЛОИК Шералӣ, БАҲРОМ ФИРӮЗ, РАҲИМ  ҶАЛИЛ, ИКРОМИ Н Ҷалол, АНОРА Остонова.

Баъд аз тахаллус, исми адабӣ ё насаб, ном ва номи падари ашхос дар шакли ҳуҷҷатӣ (шиносномавиаш) дода мешаванд.

Калимаҳое, ки пас аз номи бо ҳарфҳои сиёҳ навишташудаи мақола бо яккаҳарфҳо (ҳарфҳои байнашон фосиладор) омадаанд, муродиф ё таъбири дигари ҳамон ном ё ибораанд: АБАТ, биотон, дифос; АНОР, нор, румон; АБОЗИЯ, ибозия; АСАЛ, ангубин, шаҳд. Яккаҳарфӣ барои нишон додани мансубияти ин истилоҳ ё мафҳум ба ягон соҳаи илм ё ҳунар низ ба кор бурда мешавад: АББРЕВИАТУРА дар мусиқӣ, АБЛЯТСИЯ, 1)дар техника, АҲД, дар ҳуқуқ ва ғайра.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …