Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭМУЛСИЯҲО

ЭМУЛСИЯҲО

emulsiyaho

ЭМУЛСИЯҲО (аз лот. emulsus — 1 покиза, ҷушидаи), системаҳои дисперсиро гуянд, ки аз қатраҳои майдаи моеъ иборат буда бо дигар моеъ 1 (муҳити дисперсионӣ) омехта шудаанд. Э.-и рост, монанди «равған дар об» бо чакраҳои моеъи ғайриқутбӣ (масалан, равғани минералӣ дар об) ва Э.-и баръакс, монанди «об дар равған», яъне чақраҳои моеъи қутбӣ дар муҳити ғайриқутбиро фарқ мекунанд. Намуд ва хосияти Э. аз таркиб ва таносуби фазаҳои моеъ, миқдор ва табиати химиявии эмулгатор, усул ва ҳарорати эмулгиронӣ ва диг. омилҳо вобаста аст. Э.-и таркиб ва хосиятҳояшон гуногунро дар саноат, х.қ., тиб ва диг. соҳаҳо васеъ истифода мебаранд. Шир, зардии тухм, нефти табиӣ Э.-и бисьёр-компонентаанд. Баъъзе пестицидҳо, моддаҳои косметикӣ ва доруҳоро дар намуди Э. истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …