Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭМПИРИЗМ

ЭМПИРИЗМ

ЭМПИРИЗМ (аз юн. empeiria — таҷриба), як равяяи фалсафиро гуянд, ки бар хилофи рационализм таҷрибаи ҳиссиро манбаи ягонаи дониш мешуморад. Ҳамчун таълимот дар а-ҳои 17—18 ташаккул ёфтааст. Э.-и идеалистӣ (Ц. Беркли, Д. Юм, Э. Мах, эмпиризми мантиқӣ) таҷрибаро бо маҷмуи эҳсосот маҳдуд сохта, асоси таҷриба будани олами объективиро инкор мекунад. Э.-и материалистӣ (Ф. Бэкон, Т. Гоббс, Ҷ. Локк, материалистони а. 18-и Франция) олами берунаи объективиро манбаи таҷрибаи ҳиссӣ меҳисобад. Маҳдудияти асосии Э. ба дараҷаи мутлақ расонидани таҷрибаю дониши ҳиссӣ ва паст задани дониши ақлӣ дар ҷараёни маърифат мебошад.

Материализми диалектики таҷрибаи ҳиссиро манбаи дониш шуморида, томоми мазмуни онро аз таҷриба иборат намедонад ва амалиёти фаъолонаи тафаккурро таъкид мекунад. Таҷрибаи ҳиссӣ дар фалсафаи марксистӣ сабти пассивонаи таъсири олами беруна набуда, процесси маърифатии аз ҷиҳати иҷтимоию маданӣ мутобиқшудаи амалиёти фаъоли субъект аст. Алоқаи диалектикии маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ яке аз принципҳои асосии гносеологияи марксистӣ мебошад. Ниг. низ Назарияи маърифат.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …