Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭМПИРИОКРИТИЦИЗМ

ЭМПИРИОКРИТИЦИЗМ

ЭМПИРИОКРИТИЦИЗМ (аз юн. empeiriia—таҷриба ва kritika—маҳорати муҳокима), «танқиди таҷриба» ё махизм, ҷараёни субъективию идеалистӣ дар фалсафа (ва методологияи илмро гуянд, ки тавассути Э. Мах ва Р. Авенариус тадқиқ шудааст. Як шакли позитивизми ох. а. 19 ва ибт. а. 20. Мақсади асосии Э. «таҷрибаи сирф» буда, ҳамчун воқеияти ниҳоии «бетараф» (на руҳонӣ ва на ҷисмонӣ) шарҳ дода мешавад. Э. оламро маҷмуи эҳсосот шуморида, категорияҳои фалсафии материя, руд, сабабият ва ғ.-ро ба он мансуб намедонад. Э. маърифатро воситаи мутобиқати биологӣ ба муҳит дониста, аз он фақат соддагию мақсаднокиро (припципи «сарфаи тафаккур») талаб мекунад. Вазифаи тадқиқоти илмӣ дар Э. аз шарҳи оддии фактҳо иборат аст. Э. худро «Фалсафаи табиатшнносии» а. 20 эълон намуда, шарқи идеалистии кашфиёти тозаи физикиро пешниҳод намуд. Нодурустии Э.-ро В. И. Ленин исбот намуда, дар китоби «Материализм ва эмпириокритицизм» онро танқид кардааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …