ЭМФИЗЕМАИ ШУШ, бемориест, ки зимни он шуш васеъ ва камҳаракат шуда, нафаскашию гпрдиши хунвайрон мешавад. Э. ш. модарзодию ғайримодарзодӣ, маҳдуду густурда ва шадиду музмин мешавад.
Э. ш.-и ғайримодарзодӣ дар натиҷаи вайроншавии қобилияти гузаронандагии бронхҳо (мас., ҳангоми зиққи нафас) пайдо мешавад. Э. ш.-и густурдаи музмин аксар чун боқӣ бронхити музмин, зиққи нафас, иневмосклероз, пневмоконизҳо ва диг. бемориҳои системаи бронху шуш (дар натиҷаи ихтилоли қобилияти гузаронандагии бронхҳо ва сустшавии қобилияти чандирии бофтаҳои шуш) ба вуҷуд меояд. Сулфаи балғамнок ва дамкутоҳи зуҳуроти Э.ш. мебошанд.