Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Эммануэл Нобелҳо

Эммануэл Нобелҳо

Нобелҳо (Nobel), ихтироъкорон ва саноатчиёни шветсиягӣ. Эммануэл Нобелҳо (24.03.1801—03.09.1872), ихтироъкори минаҳои зериобӣ. Солҳои 1842—1859 дар Петербург зиндагӣ кар­да, дар он ҷо заводӣ механики сохт. Дар вақти Ҷанги Қрим (1853—1856) армияи русро бо яроқ ва минаҳо таъмин кард. Алфред Берн­хард Нобелҳо (21.10.1833, Стокголм — 10.12.1896, Сан-Ремо, Италия), таъсискунандаи Мукофотҳои нобелӣ, писари Эммануэл Нобелҳо V дар Россия бо тадқиқотҳои Н. Н. Зинин ва В. Ф. Петрушевский оид ба технологияи хи­миявии нитроглитсерин шинос шуд.

Соли 1863 истеҳсоли моддаҳои тарканда («динамит» )-ро ба роҳ монд ва соли 1867 аз Британияи Кабир ба он патент гирифт. Корхонаҳои Нобелҳо қариб дар ҳамаи мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ вуҷуд доштанд. Нобелҳо аъзои ҷамъияти подшоҳии Лондон ва АФ Шветсия буд. Людвиг Н. (27. 07. 4831 —12. 04. 1888), тоҷир, конструктори дастгоҳҳо. аъзои Ҷамъияти техникҳои рус. Писари Эммануэл Н. Корхонаҳоеро ки падараш дар Россия таъсис карда буд, ба заводи калони мошинсозии «Людвиг Нобел» (ҳоло заводи «Дизели рус») табдил дод. Соли 1876 бо ҳамроҳии бародаронаш Ро­берт ва Алфред дар Боку ба муассисаи нефтҳосилкунӣ асос гузошт. ки он минбаъд яке аз калонтарин фирмаҳои нефтҳосилкунии Россия гардид. Эммануэл Н. (22. 06. 1859 — 31. 05. 1932), писари Людвиг Н. солҳои 1888—1917 корхонаҳои дар Россия будаи Нобелҳоро роҳбарӣ мекард. Дар ташкилотҳои тиҷоратии Россия роли асосиро мебозид. Аввали соли 1918 аз Россия ба Шветсия рафт.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …