Главная / Илм / ЭЛЛИПС

ЭЛЛИПС

ЭЛЛИПС (аз юн. elleipsis — камӣ, норасоӣ, афтиш), ҷои геометрии нуқтаҳои (М) ҳамвориро гуянд, ки ҳосили ҷамъи масофаи онҳо то ду нуқтаи муайяни Ғi ва Ғ2 (фокусҳои Э.) бузургии доимист (2а). Дар системаи координатаҳои росткунҷаи хОу муодилаи каноникии Э. чунин аст.

ellips

Э. хатти тартиби дуюм мебошад ва нисбат ба тирҳои АВ ва СД симметрист. Нуқтаи О маркази Э. дар як вақт нуқтаи симметрияи он низ мебошад. Порчаҳои АВ-2а ва СД-2б мувофиқи тири калон ва тири хурди Э. номида мешаванд. Адади… экстренциситет ва хатҳои рости ректрисаҳои Э. ном доранд. Нисбати масофаи аз ягон нуқтаи Э. то фокуси наздиктарин бар масофа аз ҳамии нуқта то директрисаи наздиктарин адади доимӣ буда, ба эксцентриситет баробар аст. Нуқтаҳои бурриши Э. бо тирҳои Ох ва О у (А, В, С, D) қуллаҳои Э. номида мешаванд. Ниг. низ Бурришҳои конусӣ.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …