Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭЛЕМЕНТҲОИ НОДИРЗАМИН

ЭЛЕМЕНТҲОИ НОДИРЗАМИН

ЭЛЕМЕНТҲОИ НОДИРЗАМИН (металлҳои нодирзамин), элементҳои химиявии гуруҳчаи иловагии гуруҳи III-юми системаи даврии Менделеев: иттрий, лантан ва лантаноидҳоро гуянд. Баъзан скандийро ҳам ба Э. н. мансуб медонанд. Дар қишри замин кам паҳн шудаанд, онҳо оксидҳои дар об ҳалнашаванда (пеш аз ин «заминӣ» меномиданд) ҳосил мекунанд, бинобар ин номашон Э. и. аст. Э. н. металлҳои сафеди нуқрагун буда, дар ҳаво аз сабаби ҳосил шудани пардаи оксидӣ тира мешаванд. Аз ҷиҳати химиявӣ фаъоланд, дар табиат якҷоя вомехуранд. Мас., минерали монацит — яке аз манбаъҳои асосии ин элементҳо аст. Дар адабиёт чун Э. н., Мн ва Тг (аз лот. terra гага) ифода ёфтаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …