Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭЛЕМЕНТҲОИ НОДИР

ЭЛЕМЕНТҲОИ НОДИР

ЭЛЕМЕНТҲОИ НОДИР, номи гуруҳи металлҳоеро (зиёда аз 50) гуянд, ки ба миқдори кам истифода мешаванд ё дар техника нисбатан наванд. Бештарини Э. н. дар қишри замин кам ва пароканда мебошанд. Ба Э. н. элементҳои гуруҳи I системам даврӣ: Li, Rb, Cs, Fr; гурухи II — Be, Ra; гуруҳи III— Ga, In, TI, Sc, Y, La, Ac, лантаноидҳо ва актиноидҳо; элементҳои гуруҳи IV — Ti, Zr, Hf; гуруҳи V — Nb, Та; гуруҳи VI—» Mo, W, Ро; гуруҳи VII— Re, Тс мансубанд. Бо зиёд шудани истеҳсоли ин элементҳо истилоҳи «Э. и.» торафт шартӣ мегардад. Э. н. дар авиация, ракетасозӣ, электроника, энергетикаи атомӣ, дар истеҳсоли пулодҳои махсус, хулаҳои мустаҳкам ва ба пармию коррозия устувор, масолеҳҳои техникаи электровакуумӣ ва рушноидиҳанда истифода мешаванд.

Картинка к тексту 2

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …