Маълумоти охирин
Главная / Техника / ЭЛЕКТРОСКОП

ЭЛЕКТРОСКОП

elektroskop

ЭЛЕКТРОСКОП (аз электро… ва скоп), асбобест барои ошкор намудани зарядҳои электрикӣ ва муайян кардани бузургии онҳо. Э. аз мили металлии дар нугаш саққодор иборат мебошад, ки аз поён ба он ду варақачаи металлии сабук насб шудааст. Милро ба зарфи шишагин андохта, бо пӯки изоляционӣ маҳкам мекунанд. Ҳангоми ба қисми заряднок расидани саққо қисми заряди ҷисм ба варақчаҳо мегузарад ва варақчаҳо аз ҳам дур мешаванд (агар варақча якто бошад, он аз мил мегурезад). Ин ҳодиса аз мавҷудияти заряди электрикии ҷисм шаҳодат медиҳад. Кунҷи тамоюли варақчаҳоро ба ҳисоб гирифта бузургии зарядро муайян кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …