Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭЛЕКТРОДИНАМИКАИ КВАНТӢ

ЭЛЕКТРОДИНАМИКАИ КВАНТӢ

ЭЛЕКТРОДИНАМИКАИ КВАНТӢ, назарияи квантии майдони электромагнитӣ ва таъсири мутақобили он бо зарраҳои заряднок (асосан бо электронҳо, нозитронҳо ва мюнҳо)-ро гуянд. Асоси Э. к.-ро тасаввуроти дар таҷриба тасдиқшудаи оид ба дискретӣ будани шуоъафкании электромагнитӣ ташкил медиҳад. Квантҳои майдони электромагнитӣ фотонҳо ҳангоми маълум будани басомади майдон ҳомилони ба қадри меҳин имконпазири энергияе = = hv ва импулс р = h/X мебошанд, ки ин ҷо h — coбитаи Планк, X = = c/v — дарозии мавҷ, с — суръати рушноист. Ҳамин тариқ, шуоъафкании электромагнитӣ нафақат хусусияти мавҷӣ (ки бо X ва v ифода меёбад), балки хусусиятҳои дискретӣ (корпускулавӣ) низ дорад.

pic3699

Таъсири мутақобили шуоъафкании электромагнитӣ бо зарраҳои заряднок дар Э. к. ҳамчун фуру бурдаеи фотонҳо ва афкандани зарраҳо муоина мешавад. Дар натиҷаи мубодила бо фотонҳо таъсири мутақобили зарраҳои заряднок ба ву-Чуд меояд. Зарра фотондоро аф-канда, синае онҳоро фуру мебарад, чунин худтаъсир ё таъсири мутақобили зарраҳои заряднок бо майдони хусусӣ сабаби ҳодисаи кучиши ламбии савияҳои энергия дар атомҳо, тасҳеҳи пароканиш ва ғ. мегардад. Э. к. ҳодисаҳои бо модда афканидан, фуру бурдан ва пароканда намудани афканишот, таъсири мутақобили электромагнитии байни зарраҳо ва ғ-ро дуруст маънидод мекунад.

Дурустии Э. к. то масофаҳои 10-11 см тасдиқ шудааст.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …