Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЭЛЕКТРИКОНӢ

ЭЛЕКТРИКОНӢ

ЭЛЕКТРИКОНӢ, дар хоҷагии халқ фаровон истифода бурдани энергияи электрикро гӯянд. Э. барои истифодаи дурусти захираҳои табиии энергетики, ҷойгиронии самарабахши қувваҳои истеҳсолӣ, механиконию автоматонии истеҳсолот ва баланд бардоштани самараи меҳнат имкон медиҳад. Э. ох. а. 19 (баъди барои истеҳсолот сохтани генератори электрик) cap шуд. С. 1879 дар Петербург (барои чароғон кардани Пули Литейный) ст. электрикии ҳароратӣ сохтанд.

Дар СССР баъди Рев. Каб. Соц. Октябрь тадқиқ ва азнавсозии хоҷагиҳои электроэнергетики, ки солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон (1914—18) ва Ҷанги гражданӣ (1918—20) вайрон шуда буданд, оғоз ёфт. Аз дек. 1917 то июни 1918 ст-ҳои калони электрикиро миллӣ кунониданд. С. 1920 бо ташаббуси В. И. Ленин аввалин плани Э.-и Россия — плани ГОЭЛРО-ро тартиб доданд, ки моҳияти онро В. И. Ленин чунин ифода кардааст: «Коммунизм ҳокимияти Советӣ плюс электриконии тамоми мамлакат аст» (Ас., д. 31, н. 4, саҳ- 559).

Солҳои баъдиҷангӣ Э.-и мамлакат босуръат инкишоф ёфт. С 1947 СССР аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи электрик дар ҷаҳон (баъд аз ШМА) ба ҷои 2-юм баромад. С. 1980 СССР 15,5% -и энергияи электрикии ҷаҳониро ҳосил кард. Истеҳсоли энергияи электрик ва иқтидори ст-ҳои электрикӣ сол то сол меафзояд, Асоси Э.-и мамлакат ст-ҳои электрикии ҳароратӣ мебошанд. Онҳо беш аа 80%-и тамоми энергияи электрикро истеҳсол мекунанд.

elektrikoni

Гидроэнергетика дар натиҷаи истифодаи комплексии захираи об барои таъмини эҳтиёҷоти ба энергияи электрикӣ, обёрӣ, нақлиёти обӣ, моҳидорӣ ва ғ. доштаи мамлакат инкишоф меёбад. С. I960 тамоми ст-ҳои электрикии обӣ (ниг. Станцияи электрикии обӣ) 184 млрд кВт*с энергияи электрик истеҳсол карданд.

Дар истеҳсоли энергияи электрик ҳиссаи станцияҳои электрикии атомӣ торафт меафзояд.

Дар саноат энергияи электрикро асосан соҳаҳои мошинсозӣ, коркарди металл, сузишворӣ, химия, нефту химия, инчунин металлургияи сиёҳ ва ранга истеъмол мекунанд. Қариб аз чор се ҳиссаи энергияи электрикии дар саноат истеъмолшаванда барои муҳаррикҳои электрикӣ ва асбобҳои рушноидиҳанда сарф мешавад. Бо энергияи электрик таъмин намудани меҳнат дар саноат с. 1980 назар ба 1913-ум 58 баробар афзуд. X. қ.-и мамлакати мо с. 1970-ум 38552 млн кВт-с ва с. 1980-ум 111000 млн кВт-с энергияи электрик истеъмол кардааст. С-ҳои 1970—80 бо энергияи электрик таъмин будани меҳнат дар колхозҳо, корхонаҳои байнихоҷагии х. қ. ва савхозҳо аз 808 кВтс то 2733 кВт-с афзуд. Мас., с. 1980 дар колхозҳо 89% ва совхозҳо 91%-и шири говҳоро бо аппаратҳои электрики ҷушиданд.

Электриконӣ дар Тоҷикистон. Э. дар республикаи мо баъди ғалабаи Рев. Каб. Соц. Октябрь дар заминаи ст-ҳои майдаи электрикӣ oғoз ёфт. С. 1932 иқтидори ст-ҳои электрикии республика 0,5 ҳаз. кВт буда, онҳо 1,5 млн кВт-с энергияи электрик истеҳсол менамуданд. Ох. с. 1936 якумин ха-ти электрикгузаронии шиддаташ 35 кВ ба кор даромад, ки аввалин ст. калонтарини электрикии обии республика — Варзоби Болоро бо ст. «Сарбанд» пайваст ва ба Системаи энергетикии Тоҷикистон асос гузошт. С. 1952 сохтмони ГЭС-ҳои Варзоб ба охир расид ва онҳо истеҳсолот, хоҷагиҳои коммуналию хизмати маишии ш. Душанберо бо энергияи электрик таъмин карданд. Ст. электрикии ҳароратии Душанбе с. 1957 тавассути хати электрикгузаронии кабели (шиддаташ 6 кВ) ба системаи энергетикӣ пайваст шуд. Сохтмони аввалин хати электрикгузарони шиддаташ 110 кВ (ст. электрии ҳароратии Душанбе) ба сохтмони Системаи энергетикии Душанбе — Вахш ибтидо гузошт. Дар ин муддат Станцияи электрикии обии Қайроққум «Дӯстии халқҳо» низ ба кор даромад ва хати электрикгузаронӣ шиддаташ 220 кВ ба истифода дода шуд. С. 1977 Системаи энергетикии Душанбе — Вахш тавассути хати электрикгузарони байнисистемавии шиддаташ 500 кВ (ГЭС-и Нора к — Регар — Ғузор —Ст. электрикии давлатии районии Сирдарьё) ба Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Миёна пайваст шуд.

С. 1980 дар республика 13,6 млрд кВт*с энергияи электрик истеҳсол карда шуд (21,5%-и энергияи электрикии Осиёи Миёна).

Дар хоҷагии халқи республика энергияи электрик бештар дар саноат истифода мсшавад. С-ҳои 1965 —80 истеъмоли умумии энергияи электрик дар хоҷагии халқи республика 4,7 баробар, дар саноат 5,7 баробар афзуд. Э.-и саноат яке аэ омилҳои афзудани самарабахшии меҳнат аст. С.-ҳои 1960—80 дар натиҷаи афзоиши дар як афзоши истеъмоли энергияи электрик самарабахшии меҳнат 0,6% (с-ҳои 1940—60-ум 0,34%) зиёд шуд.

Истеъмоли энергияи электрик дар ҷараёни технологии саноат босуръат меафзояд. Сарфи энергияи электрик барои эҳтиёҷи технологии истеҳсолот аз 7,5% (1960) то 59,6% (1980) афзуд. Истеъмоли энергияи электрик дар х. қ- низ вусъат меёбад. Истеъмоли энергияи электрик дар х. қ. с. 1980 назар ба 1965-ум — 2—2,5 баробар афзуд. Энергияи электрик дар хоҷагиҳои коммуналию хизмати маишӣ, нақлиёт ва соҳаҳои дигари хоҷагии халқ аҳамияти калон дорад. Ниг. низ Станцияи электрикии обии Норок.

Ад. Электрификатция СССР. М.. 1970; Развитие электроэнергетики союзных республик, М., 1972; Экономические проблемы электрификации, М., 1976; Энер-тетика СССР в 1981—1985 гг., М., 1981.

М. Бурҳонова.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …