Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии ЭКВАДОР

Ҷумҳурии ЭКВАДОР

ЭКВАДОР, республикаи Эквадор (Эквадор), (Rcpublica del Ecuador), давлатест дар шим. ғарбӣ Америкаи Ҷанубӣ. Масоҳ. 283,6 ҳаз. км2 (якҷоя бо ҳозираҳо). Аҳолиаш 9,3 млн наф. (1985); 40% ҳиндуҳои америкоӣ, 40% дурагаҳо, 10% сафедпустҳо ва 10% зангиҳо. Забони расмӣ — испанӣ. Дини ҳукмрон — католики. Пойтахташ Кито. 20 музофот дорад. Сардори давлат ва ҳукумат — президент. Органи олии қонунбарор — Конгресси миллӣ.

ekvador

Э. асосан дар арзҳои экватори воқеъ гаштааст. Ба 3 қисми асосӣ тақсим мешавад: Орьенте — дар шим. шарқ, Сьерра — дар марказ ва Коста — дар ғарб. Орьенте ҳамвориҳои наздикуҳист, баландиаш 180—700 м буда, бо бешаҳои сернами экваторӣ (гилея) пушида шудааст. Сьерра аз ду қаторкуҳи асосӣ иборат аст: Кордильераҳои Шарқӣ ва Ғарбӣ, ки вулқонҳои хомушшуда (Чимборасо, 6267 м) ва амалкунанда (Котопахи ва ғ.) доранд; нишебии куҳҳоро бешаҳои сернам ва пуштакуҳхои байникуҳию хамидоро марғзорҳо фаро гирифтаанд. Коста пастиҳои наздикуҳӣ ва пуштакуҳҳои наздисоҳилиро дар бар мегирад; дар шимолаш бешаҳои сарнами тропикӣ ва дар ҷануби он даштҳои хушк ва нимбиёбонҳои буттазор воқеъ гаштаанд. 52% ҳудуди Э. бешазор аст. Иқлимат экваторӣ, экватории куҳӣ ва дар ҷануб субэкваторӣ. Ҳарор. миёнаи моҳона дар Кито қариб 13°С, дар ҷануб аз 23 то 27*С. Боришоти солона аз 100 мм (дар ҷан.) то 6000 мм дар нишебиҳои шаркии куҳои Анд. Дарьёҳои калонаш: Гуаяс, Путумайо, Напо, Тигре.

Аз қадим дар ҳудуди Э. қабилаҳои ҳиндуҳо зиндагӣ мекарданд; дар а. 15 ин ҷойҳоро ингҳо ва дар а. 16 конкистадорҳои испанӣ забт намуданд. Дар вақти ҳукмронии мустамликадорони испанӣ шаклҳои гуногуни истисмори феодалӣ ва заҳмати ғуломони зангии аз Африка овардашуда вуҷуд дошт. Дар рафти Ҷанг барои истиқлолияти мустамликаҳои испанӣ дар Америка (1810—26) ҳукмронии испанҳо дар ҳудуди Э. сарнагун гашт (1822). То с. 1830 бо номи Вилояти Кито дар ҳайати Колумбияи Кабир буд. Аз с. 1830 давлати мустақил — Республика. С. 1852 ғуломдорӣ барҳам дода шуд. Аз ох. а. 19 дар Э. капитали хориҷӣ (асосан англисию пгимолиамерикоӣ) ҷорӣ шуд. С. 1926 партияи коммунистии Э. таъсис ёфт. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Э. муносибаташро бо мамлакатҳои блоки фашистӣ канд (1942). С-ҳои 1944—46 ба ҳайати ҳокимият намояндагони коммунистҳо, социалистҳо ва диг. ташкилотҳои демократӣ дохил шуда буданд. Дар солҳои баъдиҷангӣ тобеияти мамлакат ба монополияи америкоӣ давом дошт. Баъди табаддулоти давлатии с. 1972 ҳокимияти ғарбиён сиёсатеро пеш гирифт, ки барои муҳофизати истиқлолият, боигарии миллӣ ва мустаҳкам кардани сектори давлатӣ дар иқтисодиёт нигаронида шуда буд. С. 1979 ҳокимият ба дасти ҳукумати гражданӣ гузашт. Аз с. 1945 Э. бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.

Э. мамлакати аграрӣ буда, иқтисодиёташ асосан ба капитали ШМА ва Британияи Кабир тобеъ аст. Заминдорони калон бисьёранд. Қариб 23% ҳудуди Э. киштукор карда мешавад. Зироатҳои асосии х. қ. банан (дар экспорт дар ҷаҳон ҷой сеюмро ишғол мекунад), қаҳва, какао, шолӣ, ҷуворимакка, найшакар, мағзи норгил ва соя. Сабзавот, арахис, пахта, тамоку низ кишт мекунанд. Гов, хук, гусфанд, буз мепарваранд. Нефт, тилло, нуқра истихроҷ карда мешавад. Соҳаҳои асосии саноаташ: таҳвили нефт, хурокворӣ, бофандагӣ. Тули умумии р. о. 1169 км, роҳҳои автомобилгард 35,6 ҳаз. км (1984).

Бандаргоҳи калони баҳриаш: Балао Гуалкил, Ла-Либертад. Ба хориҷа нефт, банан, қаҳва, какао мебарорад. Шарикони тиҷоратиаш: ШМА, Япония, мамлакатҳои ЕЭС ва мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ. Водиди пул — сукре.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …