Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭКСПЕДИЦИЯИ КОМПЛЕКСИИ ТОҶИКИСТОН

ЭКСПЕДИЦИЯИ КОМПЛЕКСИИ ТОҶИКИСТОН

ЭКСПЕДИЦИЯИ КОМПЛЕКСИИ ТОҶИКИСТОН, экспедицияи илмиест, ки с. 1932 аз тарафи АФСОСР гузаронда шудааст. Мақсадаш муайян кардани имкониятҳои инкишофи қувваҳои истеҳсолии Тоҷикистон, соҳаҳои нави саноат, х. қ. дар минтақаҳои табиию иқлимии мухталиф буд. Дар гузаронидани Э. к. Т. муассисаҳои илмии марказӣ ва шуъбаҳои маҳаллии онҳо, баъзе муассисаҳои илмии Тоҷикистон (Базаи Тоҷикистонии АФ СССР, Ин-ти тадқиқоти илмии саноатии Тоҷикистон) ва як қатор комитетҳои мамлакатамон ширкат варзиданд.

Натиҷаҳои илмии Э. к. Т. хеле муҳим буд: харитаи нави Помири шим.-ғарбӣ тартиб дода шуд, мавқеъ ва баландии даҳҳо қулла ва ағбаҳои сершумор муқаррар гардиданд, маҳалҳои яхбандӣ ва пиряхҳои бузурги мамлакат тадқиқ шуданд, кашфиёти азими геологӣ ба даст омад. Мушоҳидаҳои ҳаматарафаи метеорологӣ, геофизикӣ, географӣ ва ғ. гузаронда шуда, олами растанӣ ва ҳайвоноти баландкуҳ, маданият ва маишати аҳолии маҳаллӣ мавриди тадқиқ қарор гирифт. Баъди як сол материалҳои экспедиция нашр шуданд.

Е. Шовалов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …