Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭКОЛОГИЯ

ЭКОЛОГИЯ

ЭКОЛОГИЯ (аз юн. 6ikos — хона, манзил, ҷой зист ва …логия), соҳаи илмест, ки муносибати организмҳои наботию ҳайвонро байни худ ва бо муҳити сукунат, инчунин муносибати инсонро бо биосфера меомузад. Истилоҳи «Э.»-ро с. 1866 олими немис Э. Геккель пешниҳод кардааст. Популяцияи организмҳо, намудҳо, ҷамоаҳо, экосистема ва умуман биосфера мавзӯи (объекти) тадқиқоти Э. мебошад. Дар а. 20 аз сабаби пурзур гаштани таъсири инсон ба табиат Э. чун заминаи илмии оқилона истифода бурдани табиат ва муҳофизати организмҳои зинда дорои аҳамияти махсус гашт.

ekologiya

Аз с-ҳои 70 а. 20 Э.-и иҷтимоӣ ё Э.-и иҷтимоӣ ташаккул ёфт, ки он қонунияти таъсири мутақобили ҷамъият ва муҳит, инчунин масъалаҳои амалии муҳофизати табиатро меомузад. Аз ин ру Э. ҷиҳатҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, географӣ ва ғ. (мас., Э.-и шаҳр. Э.-и техникӣ) пайдо кардааст. Бо ин маъно оид ба «Экологизация »-и илми муосир сухан гуфтан ҷоиз аст. Масъалаҳои экологие, ки тараққиёти ҷамъиятии имрӯза ба миёи гузошт, дар мағрибзамин боиси як қатор ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсӣ гаштанд, ки бар зидди олоиши муҳити зист ва диг. оқибатҳои ногувори прогрессӣ илмӣ-техникӣ мубориза мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …