Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ЭЪҶОЗИ ХУСРАВӢ»

«ЭЪҶОЗИ ХУСРАВӢ»

«ЭЪҶОЗИ ХУСРАВӢ» асари сабкшиносии Хусрави Деҳлавист, ки аслан «Расоил-ул-эъҷоз» ном дошта, с. 1319 таълиф шудааст. «Э. X.» ҳаҷман калон буда (нусхаи чопии он 1179 саҳифаро дар бар мегирад), аз дебоча, панҷ рисола ва хотима иборат мебошад. Дар дебоча, ғайр аз қисмҳои анъанавӣ, аз хусуси сабкҳои гуногуни нигориш дар осори насрии форс-тоҷик, инчунин услуби хосси насри худи муаллиф сухан рафтааст. Хусрави Деҳлавӣ тамоми осори насрии форс-тоҷикро аз ҷиҳати услуби баён ва равиши нигориш ба нуҳ тариқа (тариқаи таълифи шайхону аҳли тасаввуф, уламои мудаққиқ, нависандагон, ҳокимон, хатибону воизон, оммаи мардум, адли касбу ҳунар ва тариқаи шухтабъону ҳаҷвгуён) тақсим намуда, услуби хосси худашро тариқаи мустақили даҳум меномад ва доир ба ҳар яке аз ин равишҳо маълумот дода, хусусиятҳояшонро зикр мекунад.

Доираи мавзуъҳои дар ин панҷ рисола тасвиргардида бисьёр васеъ аст. Муаллиф дар хусуси услубу равияҳои иншонависию насрнигории адибони пешину муосир, навъҳои гуногуни муншаот ва бо кадом усул навиштапи онҳо, зарурати риояи муносибати шаклу мазмун дар таълифи иншоҳои мухталиф, санъатҳои бадеии қадимиву нав ва истифодаи онҳо, санъатҳои бадеии дар назму наср ихтироъкардаи худаш, равияи тозаи дар насрнависӣ пешгирифтааш сухан меронад. «Э. X.» бо хотимае анҷом меёбад, ки муаллиф дар он аҳамияти китоб ва матлаби таълифи онро баён карда, барои иншонависон ба сифати дастуруламал хидмат намудани рисолаҳояшро таъкид менамояд.

Хусрави Деҳлавӣ дар «Э. X.» порчаҳои гуногуни шеърӣ (ба забони тоҷикӣ ва арабӣ) овардааст, ки бештари онҳо маҳсули қалами худи уянд. Забони «Э. X.» аз сабаби истеъмоли таъбирҳо, ибораю ҷумлаҳои арабӣ ва мутооиҷи предмети тасвир истифода бурдани калимаю ҷумлаҳои махсус бисьёр душворфаҳм аст. «Э. X.», ки яке аз асарҳои пурарзиши назарияи адабиёти форс-тоҷики давраҳои пешин мебошад, барои омухтани сайри таърихии иншонависӣ, санъатҳои бадеӣ, заминаҳои «сабки ҳиндӣ», навпардозию ихтироъкориҳои Хусрави Деҳлавӣ дар насру назм, мақоми у дар насри тоҷикӣ ва умуман дараҷаи инкишофи афкори адабиётпгиносии форс-тоҷик дар а. 14 аҳамияти калон дорад. Ба қавли адабиётшиноси урду Шиблии Нуъмонӣ то вақти таълифи «Э. X.» дар адабиёти форсизабони Ҳинд «касе қоида ва усуле барои наср мураттаб ва барқарор накарда буд».

Ад.:Бақоев M.. Ҳает ва эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ, Д., 1975.

А. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …