Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭЙНШТЕЙН Алберт

ЭЙНШТЕЙН Алберт

ЭЙНШТЕЙН Алберт (14 3. 1879, Ульм, Германия —18. 4. 1955, Принстон, ШМА), яке аз поягузорони табиатшиносии муосир, муаллифи назарияи нисбият ва кашфиётҳои назарие, ки барои механикаи квантӣ, физикаи статистикӣ, космологияи релятивистӣ ва электроникаи квантӣ замина шудаанд. Аъзо-корр. хориҷии АФ Россия (1922) ва аъзои фахрии хориҷии АФ СССР (1926).

albert-einstein

Бузургтарин комёбии илмии Э. назарияи релятивистии мақом, замон ва ҷозиба (ниг. Назарияи нисбият, Ҷозиба) мебошад, ки с-ҳои 1905—16 эҷод шудааст; с-ҳои- 1917 55 асосан ба проблемаҳои космология ва назарияи куллии майдонҳои физики шуғл варзид.

С-ҳои 1916—17 Э. назарияи квантии афканишотро инкишоф дод. Ду натаҷаи зерин аз комьёбиҳои барҷастаи илмии уст; аввалин табиати статистии процессҳои шуоъафканӣ (ва шуоъфурубарӣ)-ро ошкор намуда, дар зимни ин вуҷуд доштани афканиши маҷбурии атомҳоро пешгуӣ кард (1917), ки ҳоло буньёди физикии техникаи лазеру мазерро ташкил медиҳад. Сониян, ба физикаи назарӣ ба истилоҳ коэффициентҳои Эйнштейнро дохил намуд, ки эҳтимоли гузаришҳои квантиро дар атомҳо аз таъсири афканишот ифода мекунанд.

С-ҳои 1924—25 Э. ба инкишофи назарияи квантии газҳои идеалии якатома пардохт, ки дар зимни он статистикаи Бозе (барои квантҳои нур) ба газҳои муқаррарӣ татбиӣ карда шуд. Э. хулоса баровард, ки ваҳдати мавҷу зарра нисбати гази муқаррарӣ низ ҷой дорад; маълум шуд, ки атомҳо аз ҳам ҳеҷ фарде надоранд ва сабаби фарқнакунандагии онҳо дар айни замон ҳам корпускула (зарра) ва ҳам мавҷ будани зарраҳои атомист. Ин хулоса барои Шредингер дар таҳияи яке аз шаклҳои математикии механикаи квантй замина шуд.

Минбаъд Э. нисбат ба назарияи квантӣ мавқеи интиқодиро ишғол намуд. Баҳсу мунозираҳои физикию фалсафие, ки миёни у ва Н. Бор сурат гирифтаанд, қариб сӣ сол идома доштанд.

Солҳои охир умеди Э. ба эҷоди назарияи куллии ҷинси майдонҳои физикӣ гуё дубора зинда шуда ба инкишофи физикаи назарӣ такони сахт дод. Ақидаҳои бикри Э. дар содаи методология, фалсафа ва таърихи илм, психологияи эҷодиёти илмӣ ва ғ. низ то кунун аҳамияти худро гум накардаанд.

Мавқеи фалсафии Э. материалистӣ буд. Э. яке аз буньёдгузорони ба истилоҳ наҳзати пагуошии олимон барои сулҳ, яроқпартоӣ, амнияти байналмилалӣ ва ҳамкории илмӣ мебошад.

А. Турсунов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …