Маълумоти охирин

ЭҲЁ

ЭҲЁ (ар. — аз нав зиндашавӣ, умри дубора ёфтан, ренессанс, як давраи хоси тараққиёти фарҳангию иҷтимоист дар таърихи Ғарб, ки дар интиҳои асрҳои миёна ба вуқуъ пайвастааст; дар таърихи мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ва Марказӣ марҳилаи гузарише буд дар байни асрҳои миёна ва Аҳди Қадии. Аз ин ру аз оғоз Э. майлу мазмуни зиддифеодалӣ дошт. Э.-и Ғарб дар Италия оғоз шуд ва аз а-ҳои 13—14 дар раванди инкишофи тамоюлҳои реалистӣ дар эҷодиёти шоир Данте, меъмор Арнолфо ди Камбио, ҳайкалтарош Николло Пизано, рассомон Пьетро Каваллини ва махсусан Чотто зуҳур ёфт. Эҷодиёти намояндагони давраи Э.-ро ҳисси боварӣ ба имкониятҳои зиёди инсон, ба ирода ва ақлу заковати он, инкори схоластикӣ ва зиндагии зоҳидона (ахлоқи гуманистии италиявиҳо Лоренцо Валла, Пико делла Мирандола ва диг.) фаро гирифта буд. Роҳи тарқиб намудани идеали мавзунию мутаносибӣ, эҷодиёти аз ҳар гуна ғояҳои динӣ озодии шахс, зебоӣ ва ҳамоҳангии воқеа, ба инсон ҳамчун ҳастии асосӣ назар кардан ва қонунҳои асосии ба вуҷуд омадани олами моддӣ аҳамияти ғоявии санъати давраи Э.-ро афзун намуд, доираи фаъолияти санъаткорон васеъ шуд. Дар санъати меъморӣ биноҳои ҷамъиятӣ, қасру кушкҳо ва хонаҳои шаҳрӣ нақши муҳим доштанд. Меъморон (Брунеллески, Альберти, Браманте, Палладио дар Италия, Леско, Делорм дар Франция) иморатҳоро бо таносуби қисмҳои бино ва ороиши бадеии онҳо, тиму роҳравҳои токдор, сутунҳо ва равоқу гунбазҳо оро дода, ба онҳо шукуҳу ҳашамат мебахшиданд. Рассомон (Донателло, Мазаччо, Пьеро, делла Франческа, Мантенья, Леонардо да Винчи, Рафаэль, Микеландело, Тициан, Веронезе, Тинторетто дар Италия; Ян ван Эйк, Рогир ван дер Вейден, Брейгель дар Нидерлапд; Дюрер, Нит-хардт, Хольбейп дар Германия; Фуке, Гужон, Клуэ дар Франция) муп-тазам тарзи тасвири бадеии ҳамаи сарватҳои олами воқеӣ — тасвири ҳаҷм, фазо, нур, тасвири қомати инсон (аз ҷумла тасвири урён) ва муҳити воқеӣ — интерьер ва манзараро аз худ менамуданд.

ehyo

Дар соҳаи адабиёти давраи Э. ёдгориҳои беҳамто, ба мисли «Гаргантюра ва Пантагрюэль» (1535—56)-д Рабле, драмаҳои Шекспир, романи «Дон Кихот» (1605—55)-и Сервантес ва ғ. ба вуҷуд омаданд, дар онҳо ҳусни таваққуҳ ба давраи атиқа бо маданияти халқӣ, руҳи комедиявӣ бо ҳастии фоҷиавӣ робитаи узвӣ доштанд. Сонетаҳои Петрарка, новеллаҳои Баккаччо, достонҳои қаҳрамонии Ариосто, Тассо, ҳаҷви зиддиклерикалӣ (рисолаи Эраами Роттердамӣ «Таърифи ҳамоқат», 1511 ва ғ.) бо жанрҳои гуногун, шаклҳои инфиродӣ ва мазмунҳои миллӣ ғояи давраи Э.-ро таҷассум менамуданд. Дар мусиқӣ, ки оҳанги самимонаи гуманистӣ дорад, полифанияи созию овозӣ инкишоф ёфта, шаклҳои тозаи вокалии ғайридинӣ (фротолла ва виллантела дар Италия, вильянсико дар Испания, баллада дар Англия, мадригал) ва мусиқии инструменталӣ (созӣ) ба вуҷуд омаданд; ин давра баробари пайдо шудани жанрҳои нави мусиқӣ — яккахонӣ, контата, оратория ва операдо, ки барои ба вуҷуд омадани гомофония (навъи мусиқии бисьёровоза) мусоидат намуданд, ба охир мерасад.

Дар давраи Э. ғояҳои фалсафии навафлотуния (Фичино) ва пантеизм (Патрици, Бруно ва диг.), кашфиётҳои бузург дар илмҳои география, астрономия (системаи гелио-центриро кашф кардани Коперник), анатомия (Везалий) сурат пазируфтанд. Ғояҳои Э. ба барҳам хурдани тасаввуроти динию феодалӣ мусоидат намуданд ва аксаран ба талаботи ҷамъияти навзоди буржуазӣ мувофиқ буданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …