Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭФИРИ ҷаҳонӣ

ЭФИРИ ҷаҳонӣ

ЭФИРИ ҷаҳонӣ, муҳити фарзиеро номанд, ки ба ақидаи табиатшиносони асрҳои гузашта гуё воситаи аз ҷое ба ҷое паҳн гаштани рӯшноӣ ва умуман таъсироти мутақобили электромагнитӣ будааст. «Асоси» ақидаи табиатшиносони пешина дар бораи Э. ин буд: «Садо дар муҳити чандир паҳн мешавад. Мисли ҳамин, барои паҳн гардидани рӯшноӣ низ бояд муҳити бағоят чандир (эфир) мавҷуд бошад. Ва азбаски рушноӣ дар вакуум ҳам паҳн шуда метавонад, пас вакуум ҳам пури Э. аст».

efir

Ҳамин тариқ, Э., аз як тараф, чун муҳити бағоят чандир тасаввур мешуду (зеро ҳар қадаре ки муҳит чандиртар бошад, суръати рафти мавҷҳо дар он ҳамон қадар зиёдтар буда метавонад), аз тарафи дигар, қисмҳои дар он ҳаракаткунанда (мас., сайёраҳо)-ро тамоман монеъ намегашт. Аммо ин ақида ба баъзе хулосаҳои таҷрибавии ох. а. 19 мухолифат пайдо кард. Мас, илоҷе ёфт нашуд, ки арзияти мавҷҳои рушноӣ (барои ин Э. бояд хусусиятҳои ҷисми мутлақ сахтро соҳиб бошад) ва хосияти бемуқобилати Э.-ро созиш диҳад. Назарияи нисбият мафҳуми «Э.» ва хосиятҳои рушнои-нақлкунандагии онро аз миён бадоштанд, теша бар решаи ақидае зад, ки гуё мафҳумҳои «ором» ва «равон» мутлақ бошанд: ин назария собит кард, ки мафҳумҳои «орому» «равон» нисбиянд ва характери он ҳо танҳо ба интихоби системаи сарҳисоб вобаста мебошад.

С. Қодирӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …