Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭФЕМЕРҲО

ЭФЕМЕРҲО

efemerho

ЭФЕМЕРҲО, як гуруҳи гиёҳҳои яксоларо гуянд, ки даври пурраи нашвашон (аз сабзиши тухмӣ то мевабандию хушкшавӣ) дар муҳлати хеле кутоҳ (аз 1,5—2 то 6—8 моҳ) ба охир мерасад. Онҳо ба оилаи хушаиҳо (баъзе намудҳои вулпия — Vul-pia myuros ва V. ciliata, бомас — Bromus oxyodoo, В. Danthoniae ва Anisantha tectorum, бузгандум — Aegilops triuncialis ва A. cylindrica), чилликгулҳо (баъзе намудҳои apaбидопсис — Arabidopsis thaliana ва A. pumila, чатир — Strigosella, чашми булбул — Alyssum turkestaoicum, A. Cauciunum ва A. szovitsianum вa ғ.) ва диг. мансубанд. Э. дар ташаккули набототи биёбон, нимбиёбон (57—63%-ц намудҳои растанӣ), қисман ноҳияҳои даштӣ мавқеи калон доранд. Э. ба тағйироти муҳити маҳал хеле хуб мутобиқ шудаанд. Тухму меваи аксари Э. то 3 сол (хушадордо ва лубиёиҳо то 7 сол) қобили сабзишанд. Э. дар республикаи мо дар ҳамвориҳо ва пасткуҳҳо меруянд. Эфемерзорҳои биёбони республика чарогоҳи хуби зимистонаву баҳорианд. Дар солҳои сербориш эфемерзорҳои пасткуҳҳои республикаро ҳамчун алафдарав истифода мебаранд. Г. Г. Сидоренко.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …