Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ҳарфи Э

Ҳарфи Э

ee

Э (е-и чаппа), ҳарфи сиву якуми алифбои ҳозираи тоҷикист; аз алифбои русӣ гирифта шуда (1940), овози садоноки кушод ё бастаи бардошти миёна, қатори пеш (яъне овози садонокн е-и бе и)-ро ифода мекунад ва шакли навишти чопиаш Ээ, дастнависаш Э Э мебошад. Дар алифбои арабиасоои тоҷикӣ (то 1930) ба воситаи ҳарфи «алиф» ифода мегардид. Дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ (1930—40) шакли чопиаш Ее, дастнависаш В в буд.

Дар баъзе калимаҳои тоҷикӣ (эдак, эдсон, эмин ва ғ.), инчунин калимаҳои иқтибосӣ (экватор, электр, экскурсия ва ғ.) истифода мешавад.

В. Капранов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …