ЭЙЗЕНХАУЭР Дуайт Дейвид (14. 10. 1890, Денисон, шт. Техас—28. 3. 1969, Вашингтон), президенти 34-уми ШMA ‘(1953—1961) аз партияи республикачиён, генерали армия (1944). Аз с. 1920 дар қушунҳои Америка, аз дек. 1943 сарфармондеҳи олии қувваҳои экспедиционии иттифоқчиён дар Европаи Ғарбӣ буд. С. 1945 фармондеҳи қувваҳои ишғолии ШМА дар Германия. С-ҳои 1950—52 сарфармондеҳи олии қувваҳои Мусаллаҳи НАТО дар Европа. Сиёсати хориҷии ҳукумати Э. ба принципи «зурӣ» (сохтани базаҳои ҳарбӣ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ, интервенцияи с. 1954 дар Гватемала, таълимоти саркуб кардани ҳаракати озодихоҳии миллӣ дар Шарқи Наздик ва Миёна) асос ёфта буд.