Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Давлати Нидерланд

Давлати Нидерланд

Нидерланд (Nederland), Подшҳхии Нидерланд (номи  ғайрирасмиаш Голландия), давлат дар Европаи Ғарбӣ, аз Шимол ва Ғарб сарҳадҳои онро баҳри Шимолӣ иҳота кардааст. Дарозии сарҳади баҳрнаш 1 ҳазор км. Дар Нидерланд бо Белгия, дар Шарқ бо РФГ ҳамсарҳад аст. Як қатор ҷазираҳон Антил (Аруба, Кюрасао ва диг. дар ихтиёри Нидерланд мебошанд). Масоҳаташ 36,9 ҳазор кма (бо обҳои дохилӣ 41,2 ҳазор км2). Аҳолиаш 14,3 млн нафар (1 январи1932). Пойтахташ шаҳри Амстердам, қароргоҳи ҳукумат — шаҳри Гаага. Аз ҷиҳати маъмурӣ территорияи Нидерланд ба музофотҳо, музофотҳо ба ҷамоаҳо тақсим шудааст.

Нидерланд— давлати шоҳии конститутсионӣ. Сардори давлат — подшоҳ (аз соли 1948 — (малика Юлиана). Аз 30 апрпели 1980 — Беатрикс. Ҳокимияти қонунбарориро подшоҳ (малика) ва пар­ламент — Штатҳои генералӣ, ки аз ду палата иборатанд, идора мекунанд. Палатаи якумро штатҳои музофотӣ ба мӯҳлати 6 сол, палатаи дуюмро аҳолӣ ба мӯҳлати 4 сол интихоб мекунад.

Табиат. Нидерланд дар ғарби ҳамвории Европаи Миёна воқеъ гаштааст. Соҳилҳояшро халиҷҳои тунукоб ва резишгоҳи дарёи Рейн, Маас ва Шельда буридаанд. Қад-қади соҳили баҳр минтақаи регзор тӯл кашидааст (баландии хомаҳои peг то 56 м мерасад). Тақрибан 40% масоҳаташ аз сатҳи баҳр насттар аст. Нуқтаи баландтарин (321 м) дар Ҷанубу Шарқ, дар шохаҳои кӯлҳои Арденн воқеъ аст. Дар таърихи Нидерланд чандин обхезиҳои ҳалокатовар рӯй додаанд (охиринаш 1953).

Қисми шарқии Нидерландро регзорҳои теппадор ва ботлоқзорҳо фаро ги- рифтаанд, Дарёҳон калон: Рейн, Маас, Шелда. Сарватхои зеризаминӣ: гази табиӣ, нефт, ангиштсанг, намак. Иқлимаш мӯътадили баҳрӣ, зуд-зуд туман шуда меистад. Ҳарорати миёнаи январ 2°—3° С, июл 18е—19° С. Миқдори боришоти солона 650—700 мм. Қисми зиёди заминҳои Нидерланд аз хоки ҳосилхези лойқагӣ, қисми камаш аз хоки чимтоли хокистарии регдор ва ботлоқию торфӣ иборат. 7—8% территорияро ҷангал (дарахтони тӯс, бук, сафедор, булут) ташкил медиҳад. Олами ҳайвоноташ камбағал. Дар регзорҳо харгӯши ёбоӣ, дар ҷангалҳо санҷоб, заргӯш, савсор, хаз, хонгул вомехӯранд. Дар Нидерланд 180 намуди парранда( қоз, моҳихӯрак, лойхӯрак ва ғайра) ҳаст. Б. Шимолӣ сермоҳист (шӯрмоҳӣ, равғанмоҳӣ. макрел).

Аҳолӣ. Аҳолии асосӣ голландиҳо буда, дар Ҷануби фламандиҳо, дар Шимол ва ҷазираҳо фризҳо, инчунин немисҳо, яҳудиҳо, индонезиҳо ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Забони давлатӣ — нидерландӣ (голландӣ). Аксарияти диндорон католик буда, боқимонда – асосан протестантҳоанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 376 нафар (дар ҷаҳон аз ҳама зиёд). 89% аҳолӣ шаҳрнишин. Шаҳрҳои калон: Амс­тердам, Роттердам, Гаага, Утрехт, Харлем.

Маълумоти таърихӣ. Территорияи Нидерланди ҳозира аз замонҳои неолит маскани одамон буд. Эҳтимол меравад, ки дар ин ҷо дар нимаи дуюми ҳазораи 1 то м. бештар қабилаҳои келт зиндагӣ мекардаанд ва дар ибтидои милод онҳоро германиҳо аз ин ҷойҳо танг карда баровардаанд. Дар асри 1 то мелод як қисми территорияро римиҳо забт карданд, ки ин ба ташаккули ҷамъияти синфӣ мусоидат кард. Дар асрҳои 3— 4 ба Нидерланд кӯчидани франкҳою саксҳо оғоз ёфт. Дар асри 5 қисми асосии мамлакат ба ҳайати давлати франкҳо дохил гардид. Дар ҳудуди он дини насронӣ ва тартиботи феодалӣ ҷорӣ гардид. Дар асрҳои 1011 чанд мулки мустақили феодалӣ ба вуҷуд омад ва онҳо вассали «Империяи

Рими муқаддас» буданд. Баробари ба вуҷуд омадани шаҳрҳо (асри 12) аҳамияти киштигардӣ афзуд, савдо бо дигар мамлакатҳо вусъат ёфт, дар шаҳр ҳунармандӣ тараққӣ кард. Зиддиятҳои байни деҳқонону феодалҳо, ҳунармандону натрисиатҳои шаҳр, тарафдорон ва муқобилони ҳокимияти графҳо боиси ҷангҳои граждании тӯлонии нимаи дуюми асри 14 ва асри 15 гардид. Гертсогҳои Бургундия соли 1433 графин Голландияро, ки аз муборизаҳои дохили заиф гар- дида буд, забт карданд ва дертар як қатор мулкҳои феодалии Нидерландияро низ ба даст оварданд. Солҳои 1477—1482 ин мулкҳо ба дасти Габсбургҳо гузашт, ки онҳо солҳои 20—40 асри 16 вилоятҳои пештар мустақилро низ ба худ тобеъ намуданд. Соли 1548 бо номи Нидерландҳо иттиҳодияи 17 музофот ташкил ёфт. Соли 1556 Нидерландияро Испания тасарруф кард. Зулму истибдоди ҳукуматдорони Испания ба тараққиёти иқтисодиёти Нидерландия монеъ шуд. Солҳои 60 асри 16 ҳаракати халқӣ бар зидди ҳукмронии Испания вусъат ёфт. Соли 1566 Револютсияи буржуазии Нидерланд ба амал омад ва муборизони он бо озодихоҳон муттаҳид гардида, бар зидди ҳукмронии испаниҳо бархостанд. Дар натиҷаи ғалабаи ин рево­лютсия соли 1581 Республикаи музофотҳои муттаҳидаи Нидерланд (Зелан­дия, Голландия, Утрехт, Гелдерн, Фрисландия, Гронинген ва ғайра) барпо гардид. Ин республикаро Голландия низ меномиданд. Ғалабаи револютсияи буржуазӣ ба тараққиёти муносибатҳои капиталистӣ дар Нидерландия ва афзоиши истеҳсолоти мануфактурӣ мусоидат кард. Дар асри 17 асоси иқтисодиёти Музофотҳои муттаҳидаро савдои берунӣ ташкил медод. 60% киштиҳои баҳрии мамлакатҳои европоӣ аз они онҳо буд. Голландиҳо дар арсаи байналхалқӣ тадриҷан ҷои испаниҳо ва португалиҳоро гирифта, истилои мамлакатҳои Осиёи  Шарқӣ, Америка ва Африкаро вусъат доданд. Соли 1602 Ширкати Ост-Индия, 1621 Ширкати Вест-Индия ташкил ёфт. Савдогарон беш аз пеш бой мешуданд, савдо бар зарари саноати миллӣ инкишоф меёфт. Буржуазияи калони Голлан­дия дар мамлакат режими беҳуқуқии сиёсиро ҷорӣ намуда, оммаҳои халқро бераҳмона истисмор мекард. Ин вазъият корпартоню хуруҷхои ҳунармандон ва коргарони мануфак­тура, шӯришҳои деҳқононро ба амал овард. Ҷангҳои англисҳою голландиҳо дар асри 17 иқтидори ҳарбию сиёсӣ ва тиҷоратию иқтисодии Нидерландияро ба таназзул оварданд. Соли 1793, баъди он ки Нидерландия ба Коалитсияи якуми зидди франсавӣ дохил шуд, Франсия ба Нидерландия ҷанг эълон кард. Соли 1795 қӯшунҳхои Франсия ба Нидерландия зер карда даромаданд ва Республикаи музофотҳои муттаҳида барҳам хӯрд. Дар территорияи он Республикаи Батав ташкил ёфт, ки мутеи Франсия буд. Соли 1806 он ба подшоҳии Голландия табдил дода шуда, ба тахти он бародари Наполеони 1—Людовик (Луи) Бона­парт нишаст. Солҳои 1810—1813 ин подшоҳӣ ба ҳайати империяи Франсия дохил буд. Бо қарори Конгресси венагии 1814—1815 Голландия ва Бел­гия бо номи Подшоҳии Нидерланд муттаҳид шуданд (май 1815). Ба он Люксембург ихтиёран ҳамроҳ гардид (то 1890). Ба Нидерландия мустамликаҳояш баргардонда шуданд (ба ғайр аз Сейлон, мустамликаи Кап ва қисми Гвиана, ки дар ихтиёри Британияи Кабир монданд). Соли 1815 конститусияи якуми Нидерландия қабул карда шуд, ки он дар парламент баробар намоянда доштани Нидердандия ва музофотҳои Белгияро муқаррар намуд. Вале мутлақияти Нидерландия дар амал сиёсати истисмори миллии аҳолии Белгияро пеш мебурд, ки ин боиси афзоиши ҳарака­ти миллии озодихоҳӣ гардид. Дар натиҷаи Револютсияи 1830 Белгия истиқлолият ба даст овард. Иттиҳодияҳои аввалини коргарӣ дар Нидерландия солҳои 30— 50 асри 19 ба вуҷуд омаданд. Соли 1869 Сексияи нидерландии Интернатсио­нали I, 1894 Партияи сотсиал-демок­ратии коргарии Нидерландия (ПСДКН) барпо карда шуд. Соли 1909 қаноти чапи ин партия Партияи сотсиал-демократии Нидерландияро (ПСДН) ташкил кард, ки он бар зидди оппортунизми рости ҳара­кати коргарӣ мубориза бурд. Дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳои Нидерландия ҳамчун давлати хурди империалистии Европа ташаккул ёфт. Дар зери таъсири Револютсияи Октябр дар Нидерландия ҳаракати револютсионӣ вусъат гирифт. Меҳнаткашон барои навсозии иҷтимоӣ ва дастгирии Россияи Советӣ баромад карданд. Партияи Коммунистии Нидерландия (ПКН) дар шароити инкишофи ҳаракати револютсионӣ (1918) ба вуҷуд омад. Кризиси ҷаҳонии иқтисодии солҳои 1929—1933 шароити зиндаго- нии меҳнаткашонро хеле бад кард.

Дар мамлакат ошӯбҳо ба амал омаданд. Соли 1934 бекорони Амстердам, Роттердам ва дигар шаҳрҳо намоишҳои оммавӣ ташкил карданд. Моҳи май 1940 қушунҳои Германияи фашистӣ Нидеоландияро қатъи назар аз давлати бетараф буданаш забт намуданд. Соли 1942 ҳукумати муҳоҷири Нидерландия бо СССР муносибати дипломатӣ барқарор на­муд. Дар давраи истилои фашистӣ дар Нидерландия ҳаракати муқобилат вусъат ёфт, ки яке аз ташкилотчиёни он Партияи Коммунистии Нидерландия буд. Корпартоиҳои Амстердам ва як қатор шаҳрҳои дигар (25—26 феврали  1941), корпартоиҳои умумии роҳиоҳанчиён (сентябри 1944 — апрели 1945) хуруҷҳои оммавии зидди истилогарони фашистӣ буданд. Дар аввали май 1945 Нидерландия аз қушунҳои фашистии Германия тоза карда шуд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон империяи мустамликадории Голландия таназзул кард. 17 августи 1945 Индонезия худро мустақил аълон кард. Нидерландия бо ёрии ШМА ва Британияи Кабир ба муқобили халқи Индонезия ҷанги мустамликавӣ cap кард. Дар ин солҳо Нидерландия аз сиёса­ти анъанавии бетарафӣ даст кашида, ба гурӯҳҳои гуногуни иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии давлатҳои капи­талистӣ дохил шуд. Нидерландия плани Маршаллро қабул кард, муоҳидаи Брюсселро имзо намуд, ба блоки ҳарбии таҷовузкори НАТО ҳамроҳ шуд, розигӣ дод, ки қувваҳои мусаллаҳи НАТО дар территорияи вай ҷойгир шаванд. Нидерландия аъзои Бенилюкс, Советӣ европоӣ ва Иттиҳоди европоии иқтисодӣ («Бозори умумӣ») ва ғайра мебошад, Дар охмри солҳои 50 партилҳои католи­кӣ ва протестантӣ ба сари ҳокимият омаданд. Доираҳои ҳукмрони Нидерландия талаби Республикаи Индонезияро дар бораи ба вай баргардондани Ириани Ғарбӣ аввал ба инобат нагирифтанд ва танҳо 15 августи 1962, баъди талаби пероркоронаи аҳли ҷамъияти ҷаҳон ба он розӣ шуданд. Ҳукумати Нидерландия си­ёсати таҷовузкоронаи ШМА ва дигар давлатҳои империалистиро дар нимҷазираи Ҳиндухитой ва Шарқи Наздик ҳимоят кард. Солҳои 60 дар Нидерландия бисёр хуруҷхои халқӣ ба амал омаданд. Солҳои 1965—1966 аввалин бор мубодилаи намояндагони парламентии Нидерландия ва СССР ба вуқӯъ омад, робитаи Нидерландия бо СССР ва дигар мамлакатҳои сотсиа­листӣ беҳтар гардид. Соли 1971 дар иқтисодиёти Нидерландия бӯҳронҳо мушоҳида шуданд. Дар давоми солҳои 1969—1973 нарху наво дар Нидерландия 41,8% қимат шуд. Солҳои 1971—1973 як қатор корпартоиҳо, намоишҳо ва хуруҷҳои оммавии меҳнаткашон барпо гардид. Ҳукумати Нидерландия мисли пештара тарафдори аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёс ва ҳарбӣ муттаҳид кардани мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ, мустаҳкам намудани НАТО мебошад. Дар айни ҳол дар мамлакат рӯҳияи зидди ҷанг ва зидди НАТО, кӯшиши ба мубо­риза барои паст кардани шиддати вазъияти байналхалқӣ ҷалб намудани Нидерландия рӯз аз рӯз қувват мегирад.

2 май 1975 Нидерландия шартномаи паҳн накардани яроқи ядроиро тасдиқ кард.

1 августи 1975 сарвазир Й. ден Ойл аз номи Нидерландия ба ҳуҷати Маҷлиси машваратии Хелсинки оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Европа имзо гузошт.

Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Партияи меҳнат, таъсисаш 1946. Ба Интернатсионали сотсиалистӣ дохил мебошад. Д а ъ в а т и насрониёни демократ. Соли 1976 ҳамчун блоки интихоботии се партияи клерикалӣ: Халқии католики, Зиддиреволютсионӣ ва Иттифоқи таърихии насронӣ таъсис ёфта, октябри 1980 ҳамчун партия та­шаккул ёфт. Партияи халқии барои озодӣ ва демокра­тия, таъсисаш 1948. Партияи либералӣ. Партияи сиёсии ради­кал ҳ о, таъсисаш 1968.

«Демократҳои 6 6», таъсисаш 1966. Намояндагони зиёиёни пешқадамро муттаҳид кардааст. «С о тс и а листони демократ 70», таъсисаш 1970. Партияи давлатии реформистӣ, таъсисаш 1918. Партияи деҳқонӣ, таъсисаш 1963. Иттифоқи сиёсии ре­формистӣ таъсисаш солҳои 1950. П а ртияи сотсиалистии па­сифистӣ, таъсисаш 1957.

Партияи Коммунистии Нидерланд, таъсисаш 1918. Ф е дератсияи иттифоқҳои касабаи Нидерланд.Иттиҳоди миллии иттифоқҳои касабаи насрониёни Нидерланд. Ҷамъияти «Нидер­ланд — СССР», таъсисаш 1947.

Хоҷагӣ. Нидерландия мамлакати саноаташ мутараққии капиталистист. Савдою киштигардӣ, хоҷагии қишлоқи молӣ тараққӣ карда, алоқаҳои берунии иқтисодиаш инкишоф ёфтааст. Дар иқтисодиёти мамлакат ширкатҳои муштараки давлатҳо, монополияҳои калон бо иштироки капитали хориҷӣ, ҳукмронанд. Таъсири капитали хо­риҷӣ, импорт капитал босуръат меафзояд. Дар саноат тақрибан 40% аҳо­лии қобили меҳмат машғули кор. Асоси базаи сӯзишворию энергетикиаш гази табии, нефт ва ангишт аст. Бештар соҳаҳое тараққӣ кардаанд, ни бо ашёи хоми хориҷӣ кор кар­да, баъд маҳсулоти тайёрро экспорт мекунанд. Соҳаҳои муҳимтарини са­ноат коркарди металл (асосан электроника ва электротехника), истеҳсоли мошинҳо барои саноати химия, тақҳизот барои соҳаи хӯрокворӣ, киштисозӣ ва хӯрокворӣ мебошанд, ки 1/2 муомилоти тамоми саноати мамлакат ба саҳми онҳо меафтад. Саноати коркарди нефт ва химия, ки алоқамапдона ба ҳам босуръат тараққӣ карда истодааст, роли калон мебозад. Аз рӯи хаҷми экспорти ка­питал Нидерландия дар қатори ШМА ва Анг­лия дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Монополияҳои калонтарин бо иштироки капи­тали хориҷӣ: «Юнилевер» ва «Ройял датч-Шелл»-и англисию голландӣ, консернҳои калони «Филипс» (сано­ати электротехникӣ), «АКЗО» (нахи синтетикӣ ва сунъӣ) ва «Хёш-Хого- венс» (металлургияи сиёҳ). Қариб 1/2 муассисаoои электротехникӣ дар шаҳри Эйндховен ва ноҳияҳои он, киштисозӣ дар Роттердам ва ноҳияҳои он, дар Амстердам, Схидам. Флиссинген гирд оварда шудаанд. Марказҳои мошинсозии саноати хи­мия — Амстердам ва Утрехт. Метал­ли дар шаҳри Эймейден, металлҳои ранга — алюминий дар шаҳри Флиссииген, Делфзейл, тсинк дар шаҳри Бюдел ва қалъагӣ дар шаҳри Арнем истеҳсол карда мешавад. Корхонаҳои коркар­ди нефт ва нефту химия дар райони Роттердам воқеанд. Ҷануби музофоти Лимбург ва шаҳри Делфзейл калонтарин ноҳияҳои саноати химия мебошанд. Ноҳияҳои саноати бофандагӣ, қисми

шарқии музофоти Оверейсел (газвори пахтагин), музофотҳои шимоли Брабант (матоъҳои пашмин) ва Гердерланд (риштаву матоъҳои сунъӣ ва синтетикӣ). Саноати бо­фандагӣ солҳои охир рӯ ба таназзул ниҳод, баровардани маҳсулот кам ва маҳдуд карда шудааст. Соҳаҳои истеҳсоли чарму пойафзол, коғаз, кулолӣ ва зарфҳои чинию фаянсӣ, дӯзандагӣ ва ҳаккоқӣ тараққи карда­анд Саноати истеҳсоли газ дар на­тиҷаи азхуд карда шудани кони га­зи табиии Грининген тираққӣ кард. Истеҳсоли нефт хеле кам аст (1.4 млн. т, соли 1977). Гази табии ба сифати ашёи хоми химиявӣ яке аз соҳаҳои муҳими экспорт гардида, ҳиссаи он дар баланси энергетики зиёд шуд. Истеҳсоли ангиштсанг ҳамчун соҳаи бефонда аз соли 1974 қатъ гарднд. Xоҷагии қишлоқии Нидерландия босуръат тараққӣ мекунад ва 1/4 арзиши экспор­ти мамлакатро медиҳад. Зиёда аз 1 /2 ҳиссаи киштзорҳо дар дасти хоҷагиҳои миёна ва калони фермерист. Дар хоҷагии қишлоқи Нидерландия муносибатҳои капиталистӣ инкишоф ёфта, шабакаи васеи ко­оператсияи таъмипоту фурӯши маҳ­сулот амал мекунад. Чорводорӣ ва паррандапарварӣ 65%, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ 21%, зироаткорӣ 14% маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Нидерландияро медиҳад. Саршумори чорво то 1 июли 1980: гов — 5225 ҳазор, хук—10137 ҳазор, гӯсфанд — 799 ҳазор, асп — 76 ҳазор cap. Нидерландия дар ҷаҳон яке аз экспорткунандагони асосии маҳсулоти шир, ин- чунин тухм, гӯшти парранда, консерваҳои гӯштин, гушти хук мебошад. Дар растанипарварӣ тақрибан 60% арзиши маҳсулотро (1976) ин соҳаҳо медиҳанд: боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва гулпарварӣ. Нидерландия аз ҷиҳати ҳаҷми гармхонаҳо ва экспорти сабзавоту мева ва ангури дар гармхона расида дар ҷаҳон ҷои якумро мегирад. Нидерландия— экспорткунандаи асосии картошка аст. 60% майдони ҷангалҳо моликияти хусусӣ мебошад. Ҳар сол 0,8— 1 млн м3 чӯб истеҳсол карда меша­вад. Моҳидорӣ касби анъанавии халқи Нидерландия мебошад. Яке аз калонтарин бандарҳои мамлакат ва ҷаҳон бандари Роттердам, дуюмин бандари калон — Амстердам. 3/4  ҳиссаи боркашонии дохили ба саҳми нақлиёти автомобили меафтад. Дарозии дарьёҳо ва каналҳои киштигард 4360 км (январи 1976). Дарозии роҳҳои оҳан — 2,8 ҳазор км (январи 1977). Аэропорти Амстердам (Схипхол) дорои аҳамия­ти байналхалқист. Ҳаҷми савдои бе­рунии Нидерландия қариб баробари даромади миллист. Калонтарин шарикони сав­дои Нидерландия: РФГ, Иттифоқи иқтисодии Белгияю Люксембург, Франсия, Британияи Кабир ва ШМА. Ҳиссаи мамлакатҳои сотсиалистӣ 2,6%. Нидерландия ба хориҷа ғалла, ашёи хоми раста­ни барои саноат, нефт ва маҳсулоти нефт, мошин ва таҷҳизот бароварда, аз он ҷо хӯрокворӣ, мошин ва таҷҳизот (асосан таҷҳизоти электронӣ ва электротехникӣ), маҳсулоти нефту газ ва химия мегирад. В о ҳ и д и пул —гулден (флорин).

Тандурустӣ. Соли 1976 ба ҳар 1 ҳазор аҳоли 12,9 таваллуд, 8,3 фавт, ба ҳар 1 ҳазор кӯдаки навзод 10,3 фавт рост меомад. Баъзе касалиҳои шуш, диабет, касалиҳои сирояткунандаи дизентерияи батсиллярӣ, тифи ши­кам ва паратиф паҳн шудаанд. Дар Шимол ва Ҷанубу Ғарбӣ бемории диқи нафас хеле зиёд аст. Соли 1973 дар мамлакат 600 муассисаи тиббӣ буд, ки 136.2 ҳазор кат дошт (10,2 кат ба 1 ҳазор кас). Духтурони хусусӣ мавқеи ка­лон доранд. Соли 1974 20,2 ҳазор духтур (ба 670 нафар 1 духтур), 4,1 ҳазор духтури дандон. 1.2 ҳазор фармасевтҳо, 879 акушер, 30,5 ҳазор ҳамшираи тиб­бӣ, 12 ҳазор ёрдамчии ҳамшираи тиббӣ ва дигарон кор мекард. Курорти байналхалқиии наздибаҳрии Схевенинген (дар наздики Гаага), курортҳои Хук-ван-Холланд мавҷуданд.

Маориф. Соли 1974/75 дар боғчаҳои бачагона 514 ҳазор нафар бачаҳои аз 3 то 6-сола тарбия меёфтанд. Мӯҳлати таҳсил дар мактҳои ибтидоӣ — 6 сол. Синни таълими ҳатмӣ — аз 7 то 15- сола. Мӯҳлати таҳсил дар мактаби миёна 6 (3+3) сол. Дар системаи тайёрии касбҳои техники соли таҳсили 1974/75 450 ҳазор талаба, дар системаи тайёрии муаллимон 10.850 талаба буд. Соли таҳсили 1974/75 дар мактабҳои олӣ 264 ҳазор студент мехонд. 15 университет ҳаст. Унниверситети Амстер­дам (таъсисаш 1877), Университети Утрехт (таъсисаш 1636), Университети Гронинген (таъсисаш 1674) Университети Лейден (таъ­сисаш 1575). Академияи подшоҳии фанҳон гуманитарӣ ва табиатшиносӣ дар Амстердам (таъсисаш 1808). Зиёда аз 100 ҷамъият ва ассоситсияҳои илми ҳаст. Инчунин зиёда аз 40 институт ва муассисаҳои тадқиқоти илмӣ, Академияи санъати тасвирӣ (дар Амстердам) мавҷуд аст. Китобхонаҳо: Китобхонаи Унверситети Амстердам (таъсисаш 1578), Китобхонаи Университети Лейден (таъсисаш 1575), Китобхонаи шоҳии Гаага (таъсисаш 1798) ва ғайра Музейҳо: Музеи давлатӣ (1808) дар Амстердам. Музеи миллии Ван Гог (1972), Музеи шоҳии институти тропикҳо (1910); Нигористони подшоҳӣ дар Гаага (таъсисаш 1820); Музеи геоло­гия ва минералогияи Лейден (1820); Музеи таърихӣ дар Роттердам (1861) ва ғайра.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1977 дар Нидерландия зиёда аз 100 газетаи ҳаррӯза чоп мешуд. Калонтаринашон «Телег­раф» («де Telegraaf»), дар Амстердам аз соли 1893, «Алгемен дагблад» («А1- gemeen Dagblad»), дар Роттердам аз 1946, «НРК—Ҳанделсблад» (tNRC — Haodelsblad»), дар Роттердам аз 1970, «Хет парол» («TIet РагооЬ), дар Амстердам аз 1940, «Фолкскрант» («De Volkskrant»), дар Амстердам аз 1920, «Хаагсе курант» («Haagsche

Courant), дар Гаага аз 1883, «Гелдерландер Перс» («De Gelderlander Рогs»), дар Неймеген аз 1848, «Ваарҳейд» («De Waarheid»), органи Пар­тияи Коммунисти Нидерландия, аз 1940 дар Амстердам чоп мешавад. Агентии ахборотии «Алгемен Недерландс Персбюро» («Algemeen Nederlands Pershurcan») — иттиҳоди ноширонн газетаҳои Нидерландия (таъсисаш 1934) дар Гаага аст. Корпоратсияи радиошунавонии Нидерланд (Nederlandse Omгоер Stuching») — ташкилоти радиошунавонӣ ва телевизион (таъсисаш 1969). Радиошунавонӣ аз соли 1923, те- левизион аз 1951, ранга аз 1967 амал мекунад. Радиошунавонӣ ба забонҳои англисӣ, арабӣ, голландӣ, индонезӣ, испанӣ, португалӣ, фравсавӣ бурда мешавад

Адабиёт. Қадимтарин осори адабии ба забони нидерландӣ эҷодшуда Мазмурҳои каролингианд (асри 9). Аввалин нависандаи барҷастаи Нидерландия Ген­рих фон Фелдеке (асри 12) мебошад, ки пайдоиши сабки куртуазии адабиёти нидерландӣ ва немиси бо ниоми ӯ вобаста аст. Баъди ба забои голландӣ таҳия шудани «Достони Рейнард» (наздикии соли 1250) адабиёти Нидерландия хусусияти хақиқатан миллӣ пайдо кард. Ин асари мазҳакавӣ ҷамъияти феодалӣ ва табакаи ритсарҳоро сахт мазаммат мекард. Шоир Я. ван Марлант (то 1235 — наздикии 1300), ки намояндаи ба назар намоёни дидактикаи бюргерӣ буд, дар муколамаҳои шеърии «Мартини якум» ва «Мартини дуюм» бадахлоқии табакаи ашроф, риёкории рӯҳониёнро фош кардааст. Эҷодиёти Эразми Роттердама (1465—1536), муаллифи асари дар ҷаҳон машҳури «Мадҳияи ҳамоқат» (1511) куллаи ғояҳои Эҳё гардид. Назми Я. ван дер Нот (1540—1595) ва ҳаҷви Марникс де Спит Алдегонде (1540 — 1598) бо ҳаракати гуманистӣ алоқаманданд. Алдегонде дар «Занбӯрхонаи калисои Рими муқаддас» (1569) калисои католикиро сахт ҳаҷв кар­дааст. Суруди «Вилгелмус»-и ӯ гимни ҷангии револютсияи буржуазии асри 16 Нидерландия шуда буд. «Сурудҳои гёзҳо» (ғозиён), «Эй Нидерланд, ҳушёр бош!»

ва ғайра муборизаи мардуми Нидерландияро бар зидди мутлақияти Испания инъикос кардаанд. Носирон Д. Корнхерт (1522—1590), К. ван Мандер (1518 — 1600) дар Инкишофи маданият ва забони миллӣ саҳми бузург доранд. Давраи нашъуиамои босуръати маданият (асри 17), даврае, ки Голландия мамлакати намунавии капиталистки асри 17 шуда буд, «асри тиллоӣ»-и адабиёти Нидерландия номида мешавад. Барҷастатарин нависандагони ин давр: А. Бредеро — муаллифи мазҳакаҳои ҳаҷвӣ дар мавзӯъҳои таърихӣ «Брабантии Испания» (1617) ва ғайра, П. К. Хофт муаллифи асарҳоест оид ба марҳалаҳои қаҳрамононаи ҳаёти Нидерлания (Герард ван Велзен, 1613 ва ғайра.). Қуллаи «асри тиллоӣ» эҷодиёти шоир Йост ван ден Вондёл (1587—1679) буд. Ӯ дар асарҳои таърихии худ муборизаи қаҳрамононаи халқи Нтдерландияро бар зидди мутлақияти католикин Испания тараннум кардааст: «Паламед» (1625), «Гебрехт ван Амстел» (1637) ва «Лютсифер» (1654). Дар «Лютсифер» индивидуализми буржуазӣ фош карда мешавад. Дар адабиёти асри 18 анъанаҳои миллӣ-демократӣ суст шуда, тақлид ба класситсизми франсавӣ авҷ гирифт. Вале драматургияи П. Лангенденк (1683 — 1756), ки зери таъсири Молер аз ҳаёти мардуми оддӣ мазҳакаҳои ҳаҷвӣ меофарид, аз ҷиҳати ғоявӣ-бадеӣ мавқеи намоён дорад. Дар романҳои Э. Волф-Беккер (1738—1804) ва Аге Сенен (1741 — 1804) дар назми бародарон Виллем ван Харен (1710— 1768) ва Онно ван Харен (1713—1779) таъсири ғояҳои маорифпарварӣ дида мешавад. Дар драмаи О. ван Харен «Агон» (1769) аввалин бор эътирози зидди сиёсати мустамликадорӣ ифода ёфтааст. Дар адабиёти асри 19 аввалҳо идеалҳои мешанӣ ва тасвири сатҳии рӯзгор бештар буд: Я. ван Леннеп (1806—1869), X. Толленс (1780—1856) ва дигарон Фақат эҷодиёти роволютсионии нависандаи бузурги исёнгар Э. Д. Деккер, ки бо тахаллуси Мултатули (1820—1887) менавишт, истисност. Ӯ дар романи «Макс Хавелаар» (1860) дурӯягии буржуазия, беҳаёии мустамликадорони голландӣ, бадаъмолии капиталистонро фош мекард. Насри Э. И. Потгитер (1808— 1875), ки муҳаррири журналили демократии «Роҳбалад», маҷмӯаи ҳикояҳои «Наср» (1837—1845) буд, роли намоён бозид. Вай таназзулу сукути ҳаёти замони худро ба гузаштаи қаҳрамононаи мамлакат муқобил мегузошт. Солҳои 80 шоирони ҷавон Ж. Перке (1859— 1881), В. Клос (1859—1938) — эҷодкорони шеъри нави тамоман индиви­дуалистӣ ба майдон омаданд. Ашъори онҳо ба инъикоси дунёи ботинии инсон нигаронида шуда буд. Нависандагон Л. ван Дейсел (та­халлусаш Албердинк Тайм, 1864—1952); ки дар эҷодиёташ натурализм ва имперессионизм баробар ҷой доштанд, Ф. ван Эден (1860—1932), ки дар ро­мани «Иоганнеси хурд» ба дунёи капиталистӣ дили софи қаҳрамонро муқобил мегузорад, низ ба солҳои 80 мансубанд. Дар эҷодиёти Л. Кунерус (1863—1923) натурализм ба авҷи аъло расид. Ӯ аз романҳои дар пайравии Золя эҷодкардааш («Тақдир», 1860; «Элин Вер», 1889) ба эҷоди романҳои аз ғояҳои сотсиализми хаёлӣ саршор гузашта буд. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ба сабаби афзошии синфи коргар ва ғояҳои сотсиализм нависандагоне ба майдон омаданд, ки ҳаёти меҳнаткашонро тасвир ва револютсияи ояндаро васф мекарданд. Дар достонҳои Г. Гортер (1864— 1927), ки фаъолияти сиёсии ӯро В.И. Ленин тақдир карда буд, мақсадҳои револютсияи ояндаи сотсиалистӣ ифода гардидааст («Мэй». 1889; «Пан», 1912). Г. Хейерманс (1864—1924) дар драмаи «Марги умед» (1900) ва ро­мани «Шаҳри алмосҳо» (1904) бар зидди истисмори капиталистӣ баромад. Таъсири ғояҳои марксистӣ-ленинӣ ва Октябр дар эҷодиёти шоираи барҷаста ва драматург Г. Роланд-Холст ван дер Схалк (1869— 1952) — маҷмӯи шеърҳои «Аз нав тавлидшудагон» (1903), драмаи «Томас Мор» (1912) дида мешавад. Шоир А. ван Коллем (1858—1933), ки Револютсияи Ок­тябр ва ғояҳои коммунизмро табрик намуд, асарҳои худро аз мавқеи револютсионӣ иншо мекард: «Оҳангҳои русӣ» (1891), «Сурудҳои пурошӯб» (1918). Баъди Ҷанги якуми ҷаҳон (1914—1918), ки эътиқодро ба прогресси буржуазия барбод дода буд, дар назди тақдир оҷизу нотавон будани инсон аз мавзӯъҳои асоси гардид: ашъори М. Нейхоф (1894—1953), А. Роланд-Холст (1888—1977), Г. Ахтерберг (1905—1962). Дар назм эксп­рессионизм мавқеи асоси пайдо кард. Дар китобҳои И. Буде Беккер (1875—1966) — «Камбағалӣ» (1909), «Тилло ва хас» (1949), дар романҳои А. Схендел (1874—1946)— «Фрегати Иоган Мария» (1930) ва ғайра тамоюлоти реалистӣ идома ёфт. Нависанда М. Секелп-Люлоф дар романҳои «Ка­учук» ва «Кули» мустамликадории Голландияро фош кардааст. Дар солҳои зери истилои фашистон будани Нидерландия матбуоти пинҳонии зиддифашистӣ паҳн карда мешуд ва дар ин кор инҳо иштирок доштанд: С. Вестдейк (1898—1971), яке аз намоёнтарин нависандагони асри 20, муаллифи романҳои «Элза Бейлер, канизи немис» (1937), «Пасторал 1943» (1949), роману новелланавис М. Деккер (таваллудаш 1898), муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои «Мӯза дар гардан» (1945), Тойн де Фрис (таваллуд 1907), муаллифи эпопеям иҷтимоии «Замин-моиндар» (1930), трилогияи зиддифашистон «Феврал» (1961), А. Коссман (тав. 1922) дар романи «Мағлубият» (1950), А. ван Дейнкеркен (1903—1968), Я. Грессхофф (1888— 1971) дар ашъори худ, А. ван дер Фейн (таваллудаш 1914) дар романи «Иди ваҳшиёна» (1958) мавзӯъҳои Муқобилати зидди истилогарони фашистиро инкишоф доданд. Рӯзномаи толибаи амстердамӣ Анна Франк (1930—1944), ка таҳти унвони «Рӯзномаи Анна Франк» ё худ «Дар фли­гели қафо» (1945) дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда буд, дар инкишофи ғояҳои зиддифашистӣ роли калон бозид.

Солҳои 50 ҷараёни ба ном Шоирони навҷу ба вуҷуд омад (Люсеберт, таваллудаш 1924; Г. Каувенар, таваллудаш 1923 ва дигарон). Онҳо эътирози худро нисбат ба ҷамъияти буржуазӣ дар зери пардаи суханбозӣ ва шаклҳои модернистӣ ифода мекарданд. Аз нависандагони муосир намоёнтаринашон инҳоянд:

В. Хермане (таваллудаш 1921), муаллифи романи «Ҳуҷраи торики Дамокл» (1959), Хела Хаассе (таваллудаш 1918), Я. Волкерс (таваллудаш 1925), А. Бламан (тахаллусаш П. Брюгт, 1905—1960). Дар солҳои 70 як зумра нависандагони боистеъдоде ба майдон омаданд, ки зиддиятҳои тезу тунди иҷтимоии дунёи капиталистиро аз мавқеъҳои реалистӣ фош менамоянд: Г. Крол, Ф. Келлендонк, Р. Хейл, М. ван Койлен.

Меъморӣ, санъати тасвирӣ. Дар асри 16 санъати Нидерландия ба ду мактаби мустақил ҷудо шуд: фламандӣ (ниг. Бельгия) ва голландӣ (дар территорияи ҳозираи Нидерландия). Аз ибтидои асри 17 дар Нидерландия бештар биноҳои ҷамъияти ва савдою саноатӣ (ратушаҳо, корхонаҳои киштисозӣ, растаҳои савдо, анборҳо, мануфактураҳо), биноҳои хиштини бо санги сафед орододашуда (меъмор Х. де Кей), маъбадҳои оддии протестанти (меъмор X. де Кейсер) сохта мешудаид. Дар миёнаи асри 17 класси­тсизм бештар тараққӣ кард (меъмор Я. ван Кампек, П. Пост). Дар ин давра дар санъати Нидерландия ҷои асосиро мактаби миллӣ-реалистии рассомӣ ишғол менамуд, ки ба санъати минбаъдаи Европа таъсири бузург расонд. Махсусан жанри портрет равнақ ёфт (Ф. Халс). Санъати реалистии асри 17 Нидерландия демократӣ буда, рассомон кӯшиш мекарданд, ки зиидагӣ, зебоии табиат ва моҳияти дохилии ҳодисоти муқаррариро рӯҳбахшу барҷаста тасвир намоянд. Жанрҳон муйяни санъати голландӣ (порт­рет, пейзаж, патюрморт, интерэр, саҳнаҳои маишӣ ва ғайра) хеле тараққӣ кард. Барҷастатарин устоди порт­рет Ф. Халс буд. Устодони натюр­морт — П. Клас, В. Хеда, А. Бейерен, В. Калф, пейзаж — Я. ван. Гойей, X. Сегерс, М. Хоббема буда, дар жанри анималистӣ (тасвири ҳайвонот) П. Поттер, А. Кейп бомуваффақият кор мекарданд. Тасвирӣ интерэр бо саҳначаҳои маиҳӣ машҳур буд (Я. Вермер, Г. Терборх, Г. Метсю, П. де Хох, Э. де Витте, А. ван Остаде ва дигарон). Қуллаи санъати тасвирии гол­ландӣ ва ҷаҳонии асри 17 эҷодиёти Рембрандт композитсияҳои асотирӣ ва таърихӣ (портретҳо, пейзажҳо) мебошад, ки ба он гуманизм, драма­тизм, тамоилҳои фалсафӣ ва демок­ратизм хос аст. Ба эҷодиёти ҳамзамони Рембрандт — манзаранигор Я. ван Рёйсдал низ драматизм хос аст. К. Фабритсиус ва А. де Гелдер аз ҷумлаи шогирдони намоёни Ремб­рандт буданд. Аз охири асри 17 санъати голландӣ рӯ ба таназзул овард. Дар нимаи дуюмн асри 19 устодони санъати реалистии Нидерландия анъанаҳои реализми асри 17-ро ҳамчун намунаи ба тав­ри бадеӣ амикӯқу возеҳ инъикос намудани ҳақиқат медонистанд ва ба он истинод мекарданд. Лирика, майл ба суратҳои озод ва пурэҳсос ба мактаби Гаага — ба саҳнаҳои ҷозибаноки аз ҳаёти одамони оддӣ офаридаи Й. Исраэлс, ба пейзажҳои X. В. Месдаг, Я. Б. Йонгкинд, Г. X. Брейтнер хос аст. Дар солҳои 80 В. ван Гог ба кори эҷодӣ шурӯъ намуд ва халқи меҳнатиро бо як дилсӯзии гарму қӯшоне тасвир карда, образҳои реалистонае офарид, ки онҳо мазмунҳои амиқи иҷтимоӣ доранд. Дар ибтидои асри 20 дар Нидерландия бисёр гурӯҳҳои рассомон ва меъморон пайдо шудаанд ва онҳо ба меъморӣ ва дизайни асри 20 (эстетикаи инженерӣ) таъсири калон расонданд. Зарурати пешакӣ ба план гирифтан, ки ба корҳои ирригатсионӣ вобаста буд, ба далерона ҳал намудани масъалаҳои шаҳрсозӣ мусоидат мекард. Дар байни асосгузорони санъати меъмории ҳозираи Н. X. Беераге, М. де Клерк буданд. Аз солҳои 20 Нидерландия яке аз марказҳои функсионализм гардид (сохтмони бисёр кварталҳои Амс­тердам, Роттердам ва ғайра: меъморон Я. Й. П. Ауд, В. М. Дюдок). Баъди Ҷанга дуюми ҷаҳонӣ дар Нидерландия биноҳои гуногуни истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ ба вуҷуд омаданд (меъморон Й. X. ван ден Брук, Я. Б. Бакема ва дигарон). Дар асри 20 аввалин бор мактаби мустақили Голландии ҳайкалтарошӣ ташаккул ёфт, ки дар пластикаи хурди экспрессивӣ, портрет ва асарҳои монументалӣ зоҳир шуда буд (Й. Мендес де Коста. X. Кроп, Ф. Сигер ва дигар). Намоёнтарини экспрессионистҳо — Я. Слейтере. Эҷодиёти Чарли Тороп ва X. Шабо саршори ғояҳои демократӣ ва инсонпарварист, нақшунигор ва графикаи П. Алма ба мавзӯъҳои иҷтимоиву сиёсӣ бахшида шудаанд. Дар айни ҳол дар Нидерландия шаклҳои гуногуни абстракси­онизм (П. Мондриан, Т. ван Дусбюрг), сюррелизм, «поп-арт» ва дигарон ҷараёнҳои модерниотӣ паҳн шуда­анд.

Мусиқӣ. Эпоси мусиқиву манзуми ибтидои асрҳои миёнаи қабилаҳои келт ва германӣ, ки дар Нидерландия зиндагӣ мекарданд, дар достонҳои Нибелунгҳо инъикос ёфтаанд. Тарақиёти савдо ва шаҳрҳо дар асри 12 ба нашъунамои лирикаи ритсари ва санъати менестрелҳои шаҳрию дарборӣ мусоидат кард. Дини насронӣ сурудхонии лотиниро дар калисоҳо ҷорӣ на­муд. Аз асри 14 ҳаракати реформаторӣ кӯшиш мекард, ки мазмур ва гимнҳо ба забони модарӣ хонда шаванд. Мусиқӣ дар ҳаёти ҷамъиятии Нидерландия аҳамияти калон пайдо кард, дар назди калпсоҳои ҷомеи шаҳрӣ мактабҳои сурудхонии касбӣ-метризхо (авалин бор дар Европа) ташкил кар­да шуданд. Дар асрҳои 15—16 Нидерландия ҳам­чун давлати пешқадами Европа дар қатори мактаби барҷастаи рассомӣ мактаби контрапунктистҳои нидерландӣ (франкиву-фламандӣ)-ро низ такмил дод, ки он дар дигар мамлакатҳо ҳам паҳн шуда, ба нашъуна­моӣ полифонияи вокалӣ-хории Евро­па ибтидо гузошт (Г. Дюфаи, Й. Окегем, Я. Обрехт, Хоскеи де Пре, Орландо ди Лассо, Г. Изаак ва дигарон). Санъати миллии потсуснавозӣ — ка­рийон ба вуҷуд омад. Комёбиҳои нотачопкунии асрҳои 16—18 ба нашрияҳои нидерландии Амстердам алоқаманданд. Дар давраи револютсияи буржуазии Нидерландия (1560—1609) сурудҳои гёзҳо (ғозиён) — шӯришгароне, ки бар зидди зулми испаниҳо мубориза мебурданд, шӯҳрат пайдо карда буд. Аз асри 17, баъди ҷоришавии кальвинизм, дар музофотҳои мустақили шимолӣ санъати арғунуннавозӣ инкишоф ёфт ва консертҳои оммавии арғунуннавозӣ (дар Амстердам, аввалин бор дар Европа) ташкил карда шуданд (Намоёнтарин устоди арғунунавоз ва бастакор Я. П. Свелник). Дар асрҳои 17—18 навозандагони нидерландӣ ва фламандӣ машҳур гардиданд, ансамблҳои навозандагон, ҷамъиятҳои дӯстдорони мусиқӣ пайдо шуданд. Дар асри 19, баъди истиқлолият ба даст овардани Нидерландия, маданияти мусиқии миллӣ-демократӣ ин­кишоф ёфт, омӯзиҳгоҳҳои миллии мусиқӣ ташкил шуданд, ҷамъиятҳои консертӣ ба вуҷуд омаданд. Бастакорон романтикҳои миёнаи асри 19: Й. Ферхюлст, Б. Рулофс, Р. Хол ва дигарон. Аз охири асри 19 дар Амстердам ҷамъияти консертии «Консертгебау» вуҷуд дорад ва он бо оркестри симфонии худ дар ҷаҳон машҳур аст. Дастаҳои операи миллӣ ташкил ёфтаанд. Мактаби мусиқии миллӣ ташкил шуд. Бастакорон Б. Звере, А. Дипенброк ва Й. Вагенар ба ин мактаб роҳбарӣ мекарданд ва баробари офарндани асарҳои барҷаста зумраи навозандагони миллии аввали асри 20 (К. Доппер, Ю. Рёнтген, Я. ван Гилсе, В. Ландре ва дигарон)-ро тарбият карданд. Соли 1930 таҳти роҳбарии X. Загвейн, М. Фермелен, С. Дресден ва Д. Рейнеман, ки роҳҳои нави эҷодиро ҷустуҷӯ мекарданд, ҷамъияти мусиқии замонавии Нидерландия ба вуҷуд омад. Бастакори нимаи якуми асри 20 В. Пейпер бо эҷодиёти хоси худ ба мактаби миллии бастакории муосир таъсири калон расонд ва шогирдони зиёдеро тарбия намуд (Г. Ландре, К. ван Баттен, X. Бадингс ва дигарон). Дар мамлакат ҳоло бисёр иттиҳодияҳои хорӣ амал мекунанд (аз ҷумла «Овози халқ»), клубу ҷамъиятҳои гуногуни мусиқӣ, 12 оркестри симфонӣ, 7 консерватория, 3 литсеи мусиқӣ, Институти мусиқии калисои католикии Нидерландия, факт-ҳои таърих ва назарияи мусиқии унститқтҳои Амстердам, Лейден ва Утрехт мавҷуданд; журналҳои махсуси мусиқӣ ҷоп меша- ванд.

Театр ва кино. Аз охири асрҳои 12 дар Нидерландия драмаи калисоӣ равнақ ёфт. Дар асри 14 ҷамъиятҳои дӯстдорони адабиёт ва театр ба вуҷуд омада, дар асри 16 фаъолияти онҳо ба авҷи аъло расид (мистерия, фарс ва моралитеҳо — пьесаҳои андарзӣ намоиш дода мешуданд). Дар ибтидои асри 17 театрҳои муқимӣ ба вуҷуд омаданд. Соли 1638 Театри шаҳрии Амстердам ташкил ёфт ва маркази ҳаёти театрии мам­лакат гардид. Ташкил ёфтани «Иттиҳодияи театрии Нидерланд» (1870) ба тараққиёти театр ёрии калон ра­сонд. Соли 1875 дар асоси он театри «Саҳнаи Нидерланд» кушода шуд.

Соли  1892 дастаи наве бо номи «Иттиҳодияи театрии Нидерланд» ташкил шуд ва бисёр песаҳои аҳамияти «иҷтимоӣ доштаи X. Хейерманс, инчунин песаҳои М. Эмантс, Ф. Эден ва дигаронро ба caҳна гузошт. Солҳои 20 коллективҳои драмавии ҳаваскорон, хусусан студентон, басо фаъол буданд. Солҳои 1910—1930 дастаҳои теат­рии хусусӣ кор мекарданд ва ба онҳо актёрон ва режиссёрони барҷаста — В. Ройярдс, Э. Феркаде, бародарон Ф. ва Л. Бауместер ва дигарон роҳбарӣ намуданд. Намоёнтарин театрҳои солҳои 40—60 «Комедияи Га­ага» ва «Комедияи Нидерланд» буданд. Солҳои 60—70 дастаҳои доимӣ дар Арнем, Роттердам низ амал ме­карданд. Дар Амстердам музеи те­атр ҳаст.

Дар мамлакат истеҳсоли филмҳои хуҷҷатӣ соли 1898, филмҳои бадеӣ 1910 cap шуд. Солҳои 1930 режиссёрҳо Й. Ивенс, Г. Рюттен филмҳои дорои аҳамияти иҷтимои офариданд. Дар давраи истилои фашистони Гер­мания истеҳсоли кинофилмҳои мил­лӣ таназзул ёфт. Баъди озодшавӣ дар бораи ҳаракати Муқобилат филм­ҳои ҳуҷҷатии барҷаста ба навор гирифта шуданд, истеҳсоли кинофилмҳои бадеӣ ҳам вусъат ёфт. Намоёнтарин режиссёрҳо: Б. Ханстра, М. ван дер Хорст, М. Хас, Ф. Радемакерс, П. Ферхувен ва дигарон. Кино­студияи филмҳои бадеӣ дар Дзёйвендрехт, филмҳои ҳуҷҷатӣ дар Гаага ва Утрехт кор мекунанд.

Ад.: В а л ь и о в В. А., Экономика и политика Голландии после второй миро­вой войны, М., 1961; Волевич И. В., Современная литература Нидерландов, М., 1962; Грубер Р. И., История му­зыкальной культуры, т. 1, ч. 2. М.. 1941; Серебрянный Л. Р., Нидерланды. М., 1974.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …