Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Димнаи САКСАНОХУР

Димнаи САКСАНОХУР

САКСАНОХУР, димна, ёдгории археологии мансуб ба асрҳои 3—2 то мелод (охирҳои давраи Юнону Бохтар), ки дар соҳили дарёи Панҷ, 7 км шимолтар аз птш Фархори pайони Фархори вилояти Кӯлоб воқеъ аст. Масоҳаташ қариб 5 га. Ҳангоми ҳафриёт маҳалҳои ҳунармандон ва комплекси қасру маъбадҳо ёфт шуд. Ин комплекс ҳавлии мураббаъ (27,7X27,7 м) ва аз се тараф долон дорад. Дар як тарафи ҳавли айвони чорсутун ҳаст, ки ба воситаи пойгаҳ бо долон пайваст мешавад. Дар шафати айвон иқоматгоҳҳон хурд, дар рӯ ба рӯи айвон толори дусутуна воқеъ аст. Долон толору хонаи нишаст ва қурбонгоҳро ба ҳам испайваст. Бар кади қисми ғарбии долон ҳашт иморат — қабулгоҳ ва маъбадҳои қаср ҷой гирифтаанд. Дар қисми шимолӣ биное воқеъ аст, ки ҳуҷраҳояш мураббаъ ва сутункорист. Деворҳои бино ғафсу мустаҳкам, бомаш гумбазпӯш. Хонаҳои калон бошад, бо усули анъанавӣ — пайвасти сутуну синҷу болор сохта шудаанд. Остонаи меҳионхонаҳо аз тахтасангҳост. Сутунҳои баланди айвон аз санг аст, ки бошаҳои ғалатӣ дорад. Дар паси айвон толори калонест, ки ду қатор сутун дорад. Дар шафати хонаи зисту меҳроб будани толор шаҳодат медиҳад, ки он ибодатгоҳи комплекс будааст. Аз Саксанохур бисёр зарфу ҳайкалчаҳои сафолӣ, зару зевар, аз ҷумла себаргаи тилло ба даст омад. Кашфи Саксанохур саҳифаи навест дар омӯзиши ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании аҷдоди тоҷикон дар охири давраҳои давлати Юнону Бохтар.
Ля.: Л и т в и к с к ий Б. А.,
М у хитдино в X., Античное городище Саксано- хур, СА. 1969, .N1 1; Гафуров В. Г.. Таджики. ДревнеЙшап, древний и средневекопал истории, Мм 1972.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …