Главная / Ҷамъият / Димнаи САЙЁД

Димнаи САЙЁД

САЙЁД, димнаи шаҳри мансуб ба асрҳои 9—11, воқеӣ pайони Москваи вилояти Кӯлоб. Сайëд қад-қади дарёи Панҷ ба масофаи 500—800 м ва қад-қади баландии Ӯртабуз то 1,5 км тӯл кашидааст.
Дар Сайëд бостоншиносони тоҷик аз соли 1970 ин ҷониб ҳафриёт мебаранд.
Масоҳати умумии ҳафриёт 5000 м2 буда, ба чор қисм тақсим мешавад. Дар қисми шарқии димна арк (60 X 70 м) воқеъ буда, бо хандақ иҳота шудааст. Дар қисми ғарбии он осори канали магистралии қадим ошкор шуд, ки он ба масофаи 800 м тӯл кашидааст ва бараш 10 м меояд.
Тарҳи ҳафриёти димнаи Сайёд.
Қисми шимолии димна аз ҳавлиҳои росткунҷа ва мураббаъ иборат. Деворҳои димна похсагӣ ва хиштӣ буда, 0,5—2 м баландӣ доранд. Барои рӯйпӯши фарши биноҳо хишти пухтаро истифода бурдаанд. Аз ду ҳавлии ёфтшудаи Сайëд яке истиқоматӣ, дигаре корхона будааст. Рӯи ҳавлии аввал бо хишти пухта пӯшида шудааст. Дар се тарафи ҳавлӣ биноҳои иқоматӣ, корхона, қабулгоҳ ҷой гирифтаанд. Дар миёнаҷо қабулгоҳ, дар ду тарафи он ошхона, хонаи меҳробдор, таҳоратхона, хонаи хоб будааст. Деворҳои бино хуб гачкорӣ шудаанд. Аз маснуоти сафолӣ кӯза, хум, табақ, косаҳои сирдор ёфт шудаанд, ки ба асри 11 тааллуқ доранд.
Ҳавлии дуюм 50 м ҷанубтари ҳавлии якум воқеъ гашта, росткунҷа (39x 43 м) мебошад, масоҳати биноҳояш 6×3 м аст ва дар ду тарафи он сохта шудаапд. Аз деворҳои шимолӣ ва ҷанубӣ баромадгоҳҳо доштааст. Кӯраю лавозимоти оҳангарӣ ва кулолии ёфтшуда аз он хусус шаҳодат медиҳанд, ки вақтҳои охир ин биноро ҳамчун корхона истифода мебурдаапд. Тангае, ки аз ив ҷо пайдо шудааст, ба охири асри 10 мавсуб аст.
Сохти умумии дар ду ҳавлию бинои Сайëд як хел аст. Эҳтимол, меъморони Хуталон шаҳрҳои мамлакатро аз рӯи плани ягона сохта бошанд. Таҳқиқи димнаи Сайëд дар омӯзиши таърихи шаҳрҳои асрҳои миёнаи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.
В. Ғуломова.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …