Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Димнаи ШАҲРИНАВ

Димнаи ШАҲРИНАВ

ШАҲРИНАВ, димнаи давраи Kyшониён, ки дар соҳили рости д. Қаратоғ, дар наздикии пос. Шаҳринави p-ни Турсунзодаи РСС Тоҷ. воқест. С. 1946 қисми шим. шарқии онро гуруҳи кофарниҳонии Экспедицияи археологии Суғду Тоҷик ва с.1955 гуруҳи дар Ҳисор будаи он тадқиқ намудааст. Қисми зиёди Шаҳринав дар зери киштзору сохтмонҳо ва роҳи автомобллгарди Душанбе — Тирмиз мондааст. Бостоншиносон дар баъзе қисмҳои он ҳафриёти археологи гузароннданд. Шаҳринав қариб 350 га масоҳат дошта, то 7 км бо хишти хом мураббаъшакл девор шудааст. Девори самти шарқӣ, ки бо номи Қатортеппа маълум аст, нисбатан мукамал боқӣ монда, қариб 70 бурҷ дорад. Девори самти шимолӣ 1км, ҷанубӣ 1,2—1,3 км тул кашида, дорои 9 бурҷ аст. Дар ҳудуди димна якчанд теппа (Ҳоитғула, Чимқурғон ва ғ.) ва харобаи биноҳои қадим боқӣ мондаанд. Аз ҳудуди Шаҳринав тангаҳои мансуб ба аҳди Евкратид, Вимаи Кадфиз, Канишка ва диг. ёдгориҳои меъморӣ, сафолпораҳо, ҳайкалчаҳои гилӣ ёфт шудаанд. Кашфиёти Шаҳринав саҳифаи навеет дар таърихи қадимии халқи тоҷик.

Ӯ. Бобоев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …