Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Пастхӯф

Деҳаи Пастхӯф

Пастхӯф, деҳа, маркази Совети қишлоқи Пастхуфи pайони Рушони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Рушон». Дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар сари роҳи Хоруғ — Рушон воқеъ гаштааст. Аз Пастхӯф то маркази район 14 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 660 нафар. (1981), тоҷикон.

Мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, шуъбаи алоқа, ошхона, усто- хонаҳои либосдӯзӣ, таъмири пойафзол, дуредгарӣ ва фермаҳои гову гӯсфандпарварӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагиаш — ғаллаю тамокукорӣ, кирмакдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Хуф обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …