Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Пастиғав

Деҳаи Пастиғав

Пастиғав, деҳаест дар Совети қишлоқи Лангари pайони Мастчоҳ вилояти Ленинобод. Территорияи Иттиҳодияи гӯсфандпарварии район. Аз Пастиғав то маркази Совети қишлоқ 55 километр, то маркази район 320 километр.

Аҳолиаш 390 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — чорводорӣ, ғаллакорй, боғдорӣ ва обчакорӣ. Заминҳо аз дарёчаҳои куҳӣ ва дарёи Зарафшоп обёрӣ мешаванд. Пастиғав зодгоҳи шоири халқӣ Юсуф Вафо ва партизани ҷасур Иван-Тоҷик мебошад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …