Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Озодии шарқ

Деҳаи Озодии шарқ

Озодии шарқ, деҳаест дар Совети қишлоқи Арали райони Куйбышев, вилояти Қӯрғонтеппа. Маркази колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз деҳа то маркааи Совети қишлоқ 4 километр, то маркази район 10 километр, то стансияи роҳи оҳан Вахш (хатти Тирмиз — Қӯрғонтеппа—Ёвон) 2 километр; роҳаш асфалтпӯш.

Аҳолиаш 745 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби миёна, китобхона клуб, пункти тиббӣ, магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахта- корӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрй ме­шаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …