Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Ойим

Деҳаи Ойим

Ойим, деҳаест дар Совети қишлоқ ба номи Ҳасанови райони Ҳисори РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи В. И. Ленин. Аз Ойим то маркази Совети қишлоқ 6 километр, то район 24 километр; роҳаш асфалтпӯш.

Аҳолиаш 1920 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби миёна, китобхона, клуб, пункти тиббӣ, магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо ба воситаи канал аз дарёи Қаротоғ обёрӣ меша­ванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …