Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Орҷоникидзе

Деҳаи Орҷоникидзе

Орҷоникидзе, деҳаест дар Совети қишлоқи Калинини райони Колхозобод, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози ба номи М. Гор­кий. Аз Орҷоникидзе то маркази Совети қишлоқ 5 километр, то район 15 километр; роҳ кисман асфалтпӯш.

Аҳолиаш 1315 нафар (1981), то­ҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, мага­зин дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — пахтаю сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш ба воситаи канали Қумсангир обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …